,
Шанбе, 21-Феврал

18 феврали соли 2026, Авалова Зулфия Субонхоновна – ассистенти кафедраи забони муосири руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, рисолаи илмии худро дар мавзуи «Особенносити перевода повести “Субҳи ҷавонии мо” (Утро нашей жизни) Сотима Улугзода», зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ Мурувватиён Ҷамила Ҷамол бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 5.9.2- Адабиёти халқҳои ҷаҳон (адабиёти форсӣ, адабиёти тоҷик) дар Шурои диссертатсионии Д73.1.015.02-и назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқ ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.