,
Сешанбе, 12-май
Таърихи 11.05.2025 дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими истиқбол ва қадршиносии донишҷуёни узви дастаи олимпии донишгоҳ-ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ғолибонро ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, сардорони раёсату бахшҳо, садорати факултетҳо ва ҳайати омузгорону донишҷуёни донишгоҳ дар фазои идона бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.
Сипас, дар бинои маъмурии донишгоҳ бахшида ба ин дастоварди муҳиму ифтихорафзо ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, ғолибон ва роҳбарони онҳоро ба муносибати ин муваффақияти назаррас самимона табрик гуфт, зикр намуд, ки Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, як падидаи муҳимми илмӣ буда, на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян намуд, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овард.
Дар идомаи суханронӣ бо таваҷҷуҳ ба сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зикр гардид, ки ташкилу баргузории озмуну олимпиадаҳои сатҳи баланд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ин раванд ба баланд бардоштани сатҳи дониш, тавсеаи тафаккури эҷодӣ ва рушди қобилиятҳои илмию зеҳнии донишҷуён мусоидат намуда, ҳар гуна ташаббусу навоварии ҷавонони болаёқат мавриди қадршиносӣ қарор мегирад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки роҳандозии ҳавасмандгардонии саривақтӣ барои донишҷуёни фаъол ва устодони роҳнамо яке аз омилҳои калидии тарбияи кадрҳои болаёқат ва ташаккули ҳисси масъулияти илмӣ дар миёни насли наврас мебошад.
Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ баромад намуда, дастоварди навбатии ҳайати устодону донишҷуёнро барои муассиса ифтихорафзо ва шоистаи таҳсин хонда, ба ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар ин роҳ барору музаффариятҳои беназир таманно намуд.
Сипас, ғолибони озмун миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми кишвар ҷиҳати ташкили шароити мусоиди таълиму тадрис ва ташкилу баргузории озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ба омузгорону раёсати донишгоҳ барои дастгириҳои пайваста баён доштанд.
Қобили зикр аст, ки санаи 8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур бо иштироки 490 нафар донишҷу аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар 15 фанни таълимӣ дар ду бахш - илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор шуд.
Боиси ифтихор ва шоёни таҳсин аст, ки зимни баргузории олимпиада дастаи донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 15 ҷой (2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ) миёни 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ сазовори мақоми дуюм гардиданд. Ин музаффарият - шаҳодати рушанест аз сатҳи баланди омодагии илмию методӣ ва масъулияти устодону шогирдон.
#ҶОЙИ_АВВАЛ
#ҶОЙИ_ДУЮМ
#ҶОЙИ_СЕЮМ
#ИФТИХОРНОМА
Катахонова Савсан Зафаровна - донишҷуи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, зери роҳбарии Давлатов Абдулмаҷид Нурович – номзади илмҳои филологӣ, дотсент.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи узви дастаи олимпии муассиса, устодон ва волидайни ғолибон ифтихорнома ва сипосномаи раёсати донишгоҳ тақдим гардида, донишҷуёни ғолиб ва роҳбарони онҳо ҳавасманд гардонида шуданд.