Санаи 26.04.2024 дар бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ» (дар ҳошияи паёми Пешвои миллат) баргузор гардид. Дар кори конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, декани факултет, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мазарипов Манучеҳр ва ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.