, Чоршанбе, 29-июл


ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!


Комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар озмуни тақсимот тавассути Маркази миллии тестии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ роҳ ёфтаанд, мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 08:00 то соати 17:00 дар бинои факултети химия ва биологияи донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Ҳуҷҷатҳои довталабон то санаи 05.08.2026, соати 17:00 қабул карда мешавад.

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ҷиҳати пешниҳод бо худ дошта бошанд:

  1. Ариза ба номи ректори донишгҳ (намуна дар Комиссияи қабул дастрас карда мешавад);
  2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (аттестат ё диплом) – нусхаи аслӣ;
  3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038/у);
  4. 6 дона сурат (андозаи 3×4 см);
  5. Гувоҳномаи ҳарбӣ (барои писарон);
  6. Шиноснома (нусхаи аслӣ);
  7. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи шартнома (барои донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ);
  8. Маълумотнома аз ҷойи зист.

Диққат! Агар довталаб дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳои заруриро ба донишгоҳ пешниҳод накунад, мутобиқи тартиби амалкунанда ҷойи ӯ барои тақсимоти минбаъда ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.

Суроға: шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16

Телефонҳо барои маълумот: 987690066; 988443396

 29.07.2026