,
Панҷшанбе, 05-ноябр

Имрӯз, 10 октябри соли 2026, Ҷумаева Шамсия Иброҳимовна - муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Асосҳои педагогии ташаккули фаъолияти таълимӣ-маърифатии донишҷӯён дар ҷараёни омӯзиши экология дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон” бо роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоев Салим Сайдалиевич бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 5.3.10.5. - Назария ва технологияи таълими биологиядар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-102 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.