, Панҷшанбе, 05-ноябр


ХУШХАБАР!

 30.09.2026

ХУШХАБАР!

Имрӯз, 1 октябри соли 2026, Шамсияи Тоирхон – омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Саҳми муҳаққиқони рус дар омӯзиши этнография ва антропологияи Тоҷикистони марказӣ ва ҷанубӣ (солҳои 1920 - 2000)” бо роҳбарии номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Боқиев Рузибек Усмонович бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисоси 6D020300-Таърих (6D020303 - Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.