, Чоршанбе, 18-ноябр

СУХАНЕ, КИ РОҲИ ЗИНДАГӢ ШУД


СУХАНЕ, КИ РОҲИ ЗИНДАГӢ ШУД

(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари Тоҷикистони азизамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтирому ифтихори хосса таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ба яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи навини давлатдории тоҷикон - Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) иртиботи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, масъулияти бузурги роҳбарии давлатро дар яке аз ҳассостарин марҳилаҳои таърихи миллат ба зимма гирифтанд. Ин рӯйдод дар раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими давлатдорӣ ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот дар кишвар нақши муҳим гузошт.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор рафт. Зеро маориф на танҳо заминаи асосии пешрафти ҷомеа, балки омили муҳимтарини ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ояндасоз мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониву мулоқотҳои худ пайваста ба масъалаи рушди маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши илмҳои муосир ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Таъкиди пайвастаи Роҳбари давлат дар мавриди он ки ояндаи миллат аз сатҳи дониш, маърифат ва масъулиятшиносии насли ҷавон вобаста аст, моро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас бо масъулияти бештар муносибат намоем.

Дар ин росто, мехоҳам як хотираи ширини ҳаёти худро, ки барои интихоби роҳи минбаъдаи зиндагиям таъсири амиқ гузоштааст, дар миён гузорам.

Солҳо қабл, замоне ки ҳанӯз хонандаи мактаб будам, хушбахтона, бароям имконият даст дод, ки бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корияшон ба шаҳри Кӯлоб ва Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ дар шаҳр (28.10.2013) мулоқот ва суханронӣ намоям. Он лаҳза барои ман на танҳо як вохӯрии хотирмон, балки рӯйдоди фаромӯшнашавандаи зиндагӣ буд. Дар он мулоқот Ҷаноби Олӣ бо самимияти хосса ба ман чунин насиҳат карданд: «Писарам, нағз хон, дар оянда ихтисосманди хуб шав!»

Шояд ин суханон дар назари аввал як насиҳати падарона намоянд, аммо барои як навраси дар оғози роҳи зиндагӣ қарордошта онҳо маънои бузургу амиқ доштанд. Он лаҳза ман дарк кардам, ки таҳсилу донишомӯзӣ танҳо вазифаи ҳаррӯзаи хонанда набуда, балки масъулият дар назди ояндаи худ, оила, ҷомеа ва Ватан мебошад.

Ин суханони самимӣ дар қалби ман нақш баста, ба шиори зиндагӣ ва роҳнамои фаъолияти минбаъдаам табдил ёфтанд. Ҳамеша мекӯшидам, ки ба ин ҳидояти нек содиқ бошам, бештар омӯзам, дониш андӯзам ва барои расидан ба ҳадафҳои худ талош намоям. Имрӯз, ки бо ифтихор дар вазифаи директори Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №2»-и шаҳри Кӯлоб фаъолият менамоям, ҳар бор он лаҳзаи фаромӯшнашаванда ва насиҳати пурҳикмати Пешвои миллатро ба ёд меорам.

Барои ман он ҳидояти Пешвои миллат ва таъкидоти пайвасаашон дар нисбати ҷавонон далели он аст, ки як сухани нек, як таваҷҷуҳи самимӣ ва як ҳидояти саривақтӣ метавонанд дар қалби наврас шуълаи умеду бовариро фурӯзон созад ва роҳи зиндагии ӯро муайян намояд. Маҳз ҳамин гуна муносибати ғамхорона ба насли ҷавон масъулияти моро ҳамчун омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дучанд мегардонад.

Имрӯз, ки масъулияти роҳбарии як муассисаи таълимиро ба зимма дорам, хуб дарк менамоям, ки вазифаи омӯзгор танҳо додани дониш набуда, балки мо бояд дар қалби ҳар як хонанда меҳри китобу дониш, ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва масъулиятшиносиро парвариш намоем. Ҳар як хонандаи болаёқат метавонад дар оянда мутахассиси варзида, олими шинохта, омӯзгори соҳибтаҷриба, табиби ҳозиқ, муҳандиси навовар ва ё роҳбари масъулиятшинос гардад. Муҳим он аст, ки барои рушди истеъдоду қобилияти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқу табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ташаккули тафаккури эҷодкорона аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Аз ин рӯ, мо - омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои омода намудани насли соҳибмаърифат, рақобатпазир, дорои тафаккури созанда ва содиқ ба арзишҳои миллӣ пайваста талош варзем.

Бовар дорам, ки ҳар як дастоварди шогирдон, ҳар як муваффақияти омӯзгорон ва ҳар як қадами муассири соҳаи маориф дар таҳкими ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузорад. Зеро сармоягузорӣ ба илму дониш, дар асл, сармоягузорӣ ба фардои миллат аст.

Бигзор сухани нек дар қалби ҳар як наврас чароғи роҳи зиндагӣ гардад, донишу маърифат пояи устувори ҷомеа бошад ва насли ҷавони мо бо илму одоб, нангу номус ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ояндаи Тоҷикистони азизро созад!

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад! Ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи ҷовидона, ваҳдати миллӣ ва пешрафту шукуфоии боз ҳам бештар орзумандам.

Холматов Фариддун- докторанти (PhD) аз рӯйи ихтисоси информатика, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат