, Сешанбе, 17-ноябр

САД СОЛ ЗИНДА БОШӢ БОЛОИ ТАХТИ МИЛЛАТ


САД СОЛ ЗИНДА БОШӢ БОЛОИ ТАХТИ МИЛЛАТ

Хотираҳо гӯёи таъриханд, фаромӯш намешаванд. Баъзан ба изтироб дар хобҳо ҳушдорамон медиҳанд то ҳушёр бошем.  Вақт интизорӣ дорад, аммо барқосо мегузарад. Ҳамин дирӯз буд, дирӯзе, ки мардум ба хун оғуштаву сарсону саргардон буданд. Душманон “табли шодӣ” мезаданд. Оре! Ғурури ноҳақ доштанд. Ғурур аз он ки, кишваре ба номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Ва шодтар аз он буданд, ки ин миллатро ин сарзамини аҷдодиро ба хок яксон карда мардуми соҳибфарҳанги ӯро ба вартаи нестӣ мебаранд. Не!

Нахуст аз қуллаҳои кӯҳ сапеда дамид, Хуршед ба оҳистагӣ, бас оҳистагӣ, тулӯъ кард. Башорати фардову рӯзи хубро медод, аммо, зиндагӣ дар як қарор нест, вақт ҳамеша дар гардиш аст. Гоҳе абрҳои сиёҳ хуршедро иҳота мекунанд, гоҳе хавф таҳдид мекунад ва саранҷом фитнаҳо қулфи дарҳоро мешиканад ва сарнавишти як халқро ба сӯи дигар мебарад. Билохира хун рехта мешавад. Чун миллат раҳбаре надошт.

  Садои тир дар ҳар як кӯча шунида мешуд ва бадтар он буд, ки ин садо бо гиряи кӯдакон, фарёди модарон, саргардонии духтарон ва ашки пинҳонии мардон омехта гардида. Гаҳвораҳо холиву мармуз буданд. Ин гаҳвораҳои холӣ бӯи ҷанг медоданд, бӯи хун медоданд, бӯи сарнавишти парокандагии миллатро медоданд. Назар кардан ба сӯйи қабристонҳои пур аз кӯдаку ҷавонон даҳшати дигар дошт. Умедҳои мардум барбод рафта буд. Болои ғам гуруснагиву ташнагӣ ғамро меафзуд.

Мегуфтанд: “Ин миллат дигар ҳеҷ вақт сарҷамъ намешавад”...

Мегуфтанд : “Мо дигар ҳеҷ вақт раҳнамое нахоҳем дошт”...

Эҳсос мекарданд, ки табиат бо онҳо ҳам душман аст. Офтоб дигар он нур ва гармии пешини худро надошт. Дар ин ҳолат инсон парешон мешавад. Ҳар дареро баста мебинад. Ба ҳар ки рӯ мекунад пари худро шикаста мебинад. Ва ба охирин умеди худ, даргаҳи Ӯ рӯ меорад ва дуо мекунад. Чун дуо аз сидқ бошад иҷобат наздику қабули Ҳақ аст. Дуо мекунанд, аз ин даҳшат аз ин ҷанги хонумонсӯзу фоҷеаҳои инсонӣ наҷоташон бидиҳад. Дуо мекунанд то пешвову наҷотбахше барояшон ҳадя бикунад, кишварро ободу ба мардум сулҳ биёварад. Дуоҳояшон шунидаву қабул шуд. Ӯ, Эмомалӣ Раҳмон раҳбару раҳнамои миллат интихоб гардид. Ҳамагӣ чиҳил сол дошт, хиради воло ва чеҳраи зебо насибаш буд. Бешак ин сифатҳое буданд, ки Худованд ба бузургони ҳар қавму миллат додааст. Ҷавонмардиву меҳрубонӣ ва росткориву ростпиндорӣ аз сифатҳои хубу дигараш буданд.

Ба он ҳолу вазъе, ки кишвар дошт ҳеҷ кас зимоми роҳбариро бар уҳда намегирифт. Чун дуои мардуму қабули Ҳақ дар он рафта буд, ин масъулияти бас сангину вазнинро ба хушӣ истиқбол намуд. Агарчи медонист чи мушкилиҳое интизораш аст, аммо натарсид. Чун мардум бо дилпурӣ ба Ӯ умед баста буданд ва мегуфтанд танҳо Ӯ метавонад оташи ҷангро хомӯш бисозад, халқро сарҷамъ намудаву кишварро устувор созад. Ва албатта орзуву умедҳои онҳо барбод нарафт чун ҳамагӣ шоҳид буданд, ки бо ҷасорати том мегуфт: “То даме охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро осуда намеҳисобам”. Иҷрои ин аҳд дар он вақт коре буд бас мушкил. Вале Ӯ бар аҳдаш вафо кард. Инчунин шоҳид будем, ки бо зорӣ ба гурезаҳои тоҷик муроҷиат карда мегуфт: “Баргардед, ба шумо биҳишт ваъда намекунам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем, ин Ватанро, ин сарзамини аҷдодиро обод месозем”. Ин кафолату ин ваъда дар он вақт доданаш осон набуд. Дар пай хавфи ҷон дошт. Чун силоҳҳо дар дасти силоҳбадастон аз ду ҷониб назорату душманон ба ҳеҷ инро хостор набуданд.

Бо душманон дар сари мизи гуфтугӯ менишаст. Мардум дӯсташ медоштанд, чун сидқу ростиро дар гуфтору ва ҷасоратро дар пиндораш дида буданд. Дарк мекарданд, ки назаркардаи Худосту нияти неку мақсадҳои олӣ Ӯро ёр аст.

Ҳатто роҳбари мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гуфта буд: “Эмомалӣ Раҳмон чархи таърихро ба дигар тараф тоб дод ва миллатро аз марг наҷот дод”.

Воқеан Ӯ сарнавишти миллати тоҷикро тағйир дод. Дар ин масири сарнавиштсоз бо заковати Худододӣ ва рисолати бар душгирифта, бо таваҷҷуҳ ба вазъи парешони мардум гуфт: “Дар як мазори Шариф якуним ҳазор мардуми мо мурдаву хуфтааст, якуним ҳазор. Ин нанг бар миллати мо нест? ...

Зурурати барқарории сулҳ аз ҷониби ӯ бисёр хуб ва ҳадафрас таъкид мешавад. Ҷой додани гурезаҳо, таъмини амнияти онҳо, таъмини хуроку либоси онҳо садҳо мушкил дар пай дошт, зеро бар замми ҳамаи ин мушкил гуруснагиву бемориҳои сироятӣ таҳдид мекард, холигии буҷети давлат болои ин ҳама мушкилтар буд. Қадамаш чун неку хуҷаста буд, иқбол ёраш буд. Бо талошҳои пайвастаи Ӯ ин ҳама мушкилиҳо ҳам паси сар шуд. Тирҳои душманон хок хӯрд. Чун диданд роҳе надоранд хостанд ҷисман несту нобудаш созанд. Ба ин амали ноҷавонмардона низ даст заданд, хушбахтона, муввафақ нагардиданд. Гарчанде дар яке аз сӯйиқасдҳо захм хурда буд бо эътимод мегуфт “Душманони миллат ба мақсуд нарасиданд ва ҳеҷ гоҳ намерасанд”.

Оре! Душманони миллат ба мақсуд нарасиданд ва ҳеҷ вақт ҳам намерасанд. Зеро иқтисод рушд кард, ба мардум сулҳ овард, ҳамдиливу бародариро миёни мардум ҷо кард, сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошт ва ҳамасола беҳтар низ мешавад, кишварро аз як харобазоре ба давлати пешравтаву мутараққӣ табдил дод. Ҳамагӣ медонем, ки нигоҳ доштани давлат аз ба даст овардани он бас сангину вазнинтар аст ва Ӯ тавонист кишварро беш аз 35 сол нигоҳу пойдораш бидорад, дар ҳолу вазъи мураккаби ҷаҳони муосире, ки басе абармардону сарварон аз уҳдаи ин рисолаташон набаромаданд ва оташҳои ҷанги афрухтаро хомӯш карда натавонистанд.

Ҳатто дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ гуфтаҳои ӯро пазирифтаву барои пешравии халқашон истифода мебаранд.

Охир кадом сарваре, фикри мардум ва оби нӯшокии ӯро мекунад?

Кадом сарваре то ин дараҷа давлату миллатро аз нестӣ ба ободӣ овардааст?

Кадом роҳбаре бо аҳли зиё ҳар соле вохӯрда, барои беҳтар кардани зиндагии онҳо талош кардаву мекунад?

Кадом роҳбару сарваре то ин ҳад миёни мардум рафтаву бо пирону барҷомондагон суҳбат меорояд ва дуояшонро мегирад?

Кадом роҳбару сарваре миёни кӯдакон рафтаву бо онҳо мегӯяду механдад?

Кадом роҳбаре сари ятимонро сила карда, онҳоро пуштибонӣ кардаву дастгирӣ мекунад ва мегӯяд: “Ҳеҷ вақт ятимонро хор шудан намемонам?”

Кадом роҳбаре борҳову борҳо таъкид мекунад: “Падару модарро дӯст дошта эҳтироми бародарӣ ҳурмати хоҳарӣ ва силаи раҳмро миёни хешовандон ба ҷо орем!?”

Кадом роҳбаре то ин ҳад барои “Мушти хоке” таърихро варақгардон месозад?

Ин Роҳбар, Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пешвои аз қалби мардум.

Албатта Ӯ аз беҳтарину хубтарин Пешвои миллати мост. Роҳнамову сулҳпарвари мост. Ва ин рӯйдоди таърихӣ хушоянд аст, ки ҳамасола 16-уми ноябр Рӯзи Президенти мост, рӯзи миллати мост, рӯзи интихоби олии мардуми мост.

Кош садсолаҳо ин рӯз рӯзи Пешвои мо бошад.

Кош абрҳои тирафом ҳеҷ вақт бар миллати мо наояд.

Кош офтоб ба ҳамешагӣ тулӯъ кардаву сапедадам аз пушти он бидамад...

Ҳамидзода Зебунисо, омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат