, Сешанбе, 17-ноябр

ДАСТОВАРДҲОИ АРЗАНДА ДАР ҲОШИЯИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ДАСТОВАРДҲОИ АРЗАНДА ДАР ҲОШИЯИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

13-14-уми ноябри соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Идоракунии давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории навини тоҷикон, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва ҷалби онҳо ба омӯзиши асосҳои идоракунии давлатӣ доир гардид.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи равияҳои ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва иқтисод иштирок намуда, донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва сатҳи омодагии касбии худро санҷиданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла:

Фарзонаи Баҳоваддин - донишҷӯи курси дуюми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ, аз рӯйи равияи ҳуқуқ, сазовори ҷойи якум гардид.

Исломов Шермуҳаммад Амонуллоевич – донишҷӯи курси чоруми ихтисоси сиёсат ва идора, аз рӯйи равияи сиёсатшиносӣ, ҷойи сеюмро соҳиб шуд.

Сафарзода Сафаралӣ Хайрулло – донишҷӯи курси сеюми ихтисоси аудит ва ревизия, аз рӯйи равияи иқтисод, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ин дастовардҳо бозгӯи донишу маҳорати баланд, саъю талоши пайваста ва омодагии ҳамаҷонибаи донишҷӯёни донишгоҳ буда, дар баробари ин, самараи фаъолияти омӯзгорон ва таваҷҷуҳи пайваста ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мебошанд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин дастовардҳои арзандаро ба ғолибон ва ҳайати кормандони муассиса муборакбод гуфта, ба онҳо дар роҳи омӯзиш, фаъолияти илмӣ ва касбӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.




Ба рӯйхат