, Чоршанбе, 18-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “МУҲОСИБОНИ КАСБӢ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “МУҲОСИБОНИ КАСБӢ”

16 ноябри соли 2026 дар толори Шурои олимони факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Муҳосибони касбӣ”-и назди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит баргузор гардид.

Дар маҳфил масъалаи “Дастгирии давлатӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ва нақши он дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар” мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба мавзуи мазкур донишҷӯ Ибодов Сухайлӣ маърӯза пешниҳод намуд. Ҳамзамон Сафарзода Сафаралӣ, донишҷӯи курси сеюми факултет дар мавзуи “Баҳисобгирии хароҷотҳо ва калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот дар соҳаи сохтмон” маърӯза намуд.

Баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои баланд бардоштани маърифати иқтисодии донишҷӯён, тақвияти донишҳои назариявӣ ва ташаккули малакаи таҳлили масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамояд.




Ба рӯйхат