, Сешанбе, 17-ноябр

ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМ-ИҶЛОСИЯИ НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ


ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМ-ИҶЛОСИЯИ НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Иттиҳоди Шӯравӣ, ки яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба шумор мерафт, дар натиҷаи нобасомониҳои дохилӣ ва дахолатҳои хориҷӣ барҳам хӯрд. Дар ҳайати ин давлати бузург понздаҳ ҷумҳурии сотсиалистӣ шомил буданд, ки ҳар кадоми онҳо дорои хусусиятҳои ҳудудӣ ва миллӣ буданд. Кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки рӯзҳои 19-21-уми августи соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, натавонист монеи заволи ҳукумати шӯравӣ гардад. Аз ин рӯ, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ пайи ҳам истиқлолияти худро эълон карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд.

Аммо ба даст овардани истиқлолият барои миллати тоҷик хеле гарон афтод, зеро аллакай дар солҳои охири мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ дар дохили ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, гурӯҳҳо ва неруҳои гуногуни дорои ҳадафҳои мухталиф пайдо шуда буданд. Намояндагони ин гурӯҳҳо дар Шӯрои Олии ҷумҳурӣ низ ҳузур доштанд. Ҳар як гурӯҳ ҳизбҳо ва ҷунбишҳои ба ном мардумии худро ташкил намуд. Мардум, ки тоза ба истиқлолият расида буданд, зери таъсири таблиғоту гумроҳсозӣ ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо шуда, дар муқобили якдигар қарор мегирифтанд. Аз ҷумла, таъсиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократӣ ва ҷунбиши «Растохез» боиси ба самтҳои гуногун кашидани мардум гардид. Эҳтимол, онҳо дар хориҷи кишвар низ ҳаммаслакон ва пуштибонони худро доштанд ва мехостанд сиёсати навро ба манфиати онҳо равона созанд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият мардуми тоҷик нахустин Президенти худро интихоб намуданд. Ин шахсият собиқадори Ҳизби коммунист ва роҳбари аввали он дар солҳои охир Қаҳҳор Маҳкамов буд. Мардум ба хотири идома ёфтани сиёсати даврони пешин ва эътимод ба Ҳизби коммунистӣ аз ӯ ҷонибдорӣ намуданд. Аммо дар мавҷи даргириҳо ва зиддиятҳои ақидавӣ ин шахсият натавонист ба вазъият тоб оварад. Дар ҷараёни ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ барояш мушкилот эҷод мекарданд ва имкони пешбурди корҳои муҳими дар пешистодаро намедоданд. Ҳамин тавр, дар байни намояндагони мардум ҷонибдорони нахустин Президенти кишвар кам шуданд ва Қаҳҳор Маҳкамов дар муддати кӯтоҳ истеъфо дод.

Зимоми давлатдорӣ ба раиси Шӯрои намояндагони халқ Қадриддин Аслонов вогузор гардид. Дар ин давра аллакай гурӯҳҳои манфиатҷӯ мардумро ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо намуда, дар муқобили ҳам қарор дода буданд. Даргириҳо ва рӯёрӯиҳои ошкоро оғоз ёфтанд. Гурӯҳҳои мардумиро бо силоҳ таъмин намуда, онҳоро ба нобуд сохтани якдигар ташвиқ мекарданд. Дар маркази ҷумҳурӣ гурӯҳҳои мухолиф майдонҳо ташкил намуда, барои комилан ба даст овардани зимоми қудрат шиорпартоӣ мекарданд. Аз моҳи феврали соли 1992 то моҳи майи ҳамон сол мардум дар майдонҳо ҷамъ омада, алайҳи ҳамдигар мубориза мебурданд. Баъдан ин муқовиматҳо ба даргириҳои бевосита табдил ёфтанд. Роҳҳои минтақаи Кӯлоб ҳафт моҳ дар муҳосира қарор гирифта, робитаи ин минтақа бо марказ ва дигар минтақаҳо комилан қатъ гардид.

Намояндагони минтақаи Кӯлоб ҷамъ омада, яке аз вакилони мардумӣ дар Шӯрои Олӣ - Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси раиси вилояти Кӯлоб интихоб намуданд. Мардуми минтақа таҳти роҳбарии ӯ барои ором намудани вазъи ҷумҳурӣ ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои даргир иқдом намуданд. Онҳо бо ҳар роҳу восита мухолифонро ба гуфтугӯ ва созиш даъват мекарданд. Чандин музокирот миёни гурӯҳҳои мухолиф баргузор гардид. Аммо баъзе аз неруҳои мухолиф собиқ вилояти Қӯрғонтеппаро таҳти назорати худ гирифта, барои паҳн намудани нуфузи худ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ нақшаҳо тарҳрезӣ мекарданд. Дар чунин шароит бетараф мондан ва ихтиёрро ба дасти рақиб супоридан салоҳ набуд. Аз ин рӯ, мардуми Кӯлоб барои дифоъ аз ҳуқуқу номуси худ ба муқовимати ошкоро бархостанд.

Мухолифин мардумро ба муҳоҷират ба Афғонистон ташвиқ мекарданд. Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тоза ба истиқлолият расида буд, вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд омад. Мардум дар маҷмӯъ дар ҳолати ниҳоят вазнин ва ногувор қарор доштанд. Кор ба ҷое расида буд, ки мардум барои пайдо кардани қути лоямут ба ҳар коре даст мезаданд. Ҷангҳо ва моҷароҳо идома меёфтанд. Саркардагони мухолифин баъди ба по хестани мардуми Кӯлоб худро ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода, аз он ҷо низ таҳдиду мунозираҳои шадидро идома медоданд.

Аҳволи мардуме, ки ба Афғонистон гузашта буданд, бениҳоят ташвишовар буд. Ҳар рӯз даҳҳо нафар аз онҳо бар асари шароити номусоиди зиндагӣ ва норасоии маводи ғизоӣ ба ҳалокат мерасиданд. Онҳо мавриди озору шиканҷа қарор мегирифтанд ва аз амали кардаи худ пушаймон мешуданд.

Баъди гуфтугӯҳои зиёд дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагони мардум ба хулосае омаданд, ки барои ҳалли буҳрони сиёсӣ бояд ҷаласаи навбатии Шӯрои Олӣ баргузор карда шавад. Онҳо қарор доданд, ки ин ҷаласа дар вилояти Суғд доир гардад, зеро дигар минтақаҳо хеле хатарнок буданд ва баргузории ҷаласа дар онҳо метавонист боиси ба вуҷуд омадани хатарҳои ҷиддӣ гардад.

Ҳамин тавр, ҷаласаи таърихӣ дар Қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор шуд. Дар ин иҷлосия низ гурӯҳҳои мухолиф мавқеи худро устуворона ҳимоя мекарданд ва намояндагони худро барои ба даст гирифтани зимоми ҳокимияти сиёсӣ пешниҳод менамуданд. Баъди баҳсу мунозираҳои зиёд номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Аксарияти вакилон аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ намуда, ӯро ҳамчун роҳбари ҷавон, боэътимод, масъулиятшинос ва кордон пазируфтанд.

Баъдан Эмомалӣ Раҳмон ба сухан баромада, савганд ёд кард, ки барои ба сулҳу ваҳдат расонидани Ватани азиз ва ҳифзи ягонагиву якпорчагии миллати тоҷик тамоми имкониятҳои худро истифода хоҳад бурд. Қувваҳои солим дар атрофи ин инсони фидокор муттаҳид шуда, муборизаи асосиро барои ҳифзи нангу номус, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва барқарор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон оғоз намуданд.

Баъди ин мавқеи гурӯҳҳои иғвоангез ва ҷудоиталаб дар байни мардум тадриҷан заиф гардид. Қисми зиёди мардуми кишвар дарк карданд, ки ҳадафи гурӯҳҳои ифротгаро на ҳифзи манфиатҳои мардум, балки нигоҳ доштани обрӯ ва мақоми шахсии худ мебошад. Мардуми тамоми ҷумҳурӣ аз чунин тағйирот дар вазъи сиёсӣ умедвор гардида, дар атрофи роҳбарияти нав муттаҳид шуданд. Ҳар як иқдому тасмими роҳбарияти навро ҳамчун нишонаи умед ба ояндаи кишвар арзёбӣ мекарданд.

Ҳамин тавр, Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 баргузор гардид, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши муҳим бозида, барои бунёди давлати мустақилу соҳибихтиёр заминаи мусоид фароҳам овард.

Аз баргузории ин иҷлосияи таърихӣ, ки дар сарнавишти миллат нақши тақдирсоз ва наҷотбахш дошт, 34 сол сипарӣ мешавад. Мардум нақши ин иҷлосияро дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бисёр муҳим арзёбӣ намуда, ин санаи таърихиро ҳамчун рӯйдоди муҳими миллӣ таҷлил мекунанд. Ҳамзамон, эҳтирому эътимоди худро нисбат ба шахсиятҳое, ки дар он рӯзҳои тақдирсоз масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифтанд, изҳор менамоянд.

Баргузории ин иҷлосия ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон падидаи муҳимми таърихӣ буд. Ин рӯйдод барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаи рушди минбаъдаи кишвар мусоидат намуда, роҳро барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳамвор сохт.

Шарипов Шамсиддин, омӯзгори кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат