,
Сешанбе, 17-ноябр

Имрӯз, 14 ноябри соли 2026, Каримҷони Музаффар - муаллими калони кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Ҷанбаҳои геоэкологии зарфияти табиию рекреатсионии Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ва дурнамои рушди сайёҳии илмию маърифатӣ дар минтақа” бо роҳбарии Раҳимов Абдулфаттоҳ Ибрагимович – доктори илмҳои география, профессор бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои география аз руйи ихтисоси 1.6.7. - Геоэкология дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-098-и назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.