,
Панҷшанбе, 05-ноябр
5 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҷомеа» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, прокурори шаҳри Кӯлоб Ғанизода Мансур Қадаммурод, сардори гурӯҳи фаврии КДАМ дар минтақаи Кӯлоб Нуралиев Зафар Сафарович, олимону донишмандон, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ ҳайати роҳбарият ва меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуда, бо натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва эҷодии онҳо шинос шуданд.
Кори ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан сухани ифтитоҳӣ намуд. Ӯ ҳозиринро ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти илмиву касбӣ муваффақият орзу кард.
Ректори донишгоҳ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, заминаи ҳуқуқии ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро фароҳам овардааст. Зикр гардид, ки маҳз дар заминаи сиёсати созанда ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, профессор Сафарзода Мунир Ватан иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи Конститутсия, ки ҳамасола 6 ноябр баргузор мегардад, на танҳо арҷгузорӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ, балки бозгӯи эҳтиром ба истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои давлатдории тоҷикон мебошад. Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, омӯзиши амиқи меъёрҳои Конститутсия ва риояи талаботи қонунгузорӣ вазифаи муҳимми ҳар як узви ҷомеа ба шумор меравад.
Сипас, сардори гурӯҳи фаврии КДАМ дар минтақаи Кӯлоб Нуралиев Зафар Сафарович дар мавзуи «Ӯҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои онҳо» маърӯза намуд. Ӯ зимни баромади худ иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимми давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар таърихи навин ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани асосҳои сохтори давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Ҳамзамон, мавсуф доир ба мазмуну муҳтавои уҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, ҳифзи Ватан ва ҳимояи арзишҳои миллӣ андешаронӣ карда, масъулияти ҳар як шаҳрвандро дар назди давлат ва ҷомеа таъкид намуд.
Дар идома прокурори шаҳри Кӯлоб Ғанизода Мансур Қадаммурод дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҷомеа» баромади пурмуҳтаво ва таҳлилӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои ташаккули низоми қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пеш аз ҳама ҷавонон, омили муҳимми пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мебошад. Ҳамчунин, зарурати риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи масъулиятшиносиву қонунмеҳварӣ таъкид карда шуд.
Сипас, Каримҷонзода Манучеҳр - дотсент, декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, дар мавзуи «Конститутсия - кафили истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ» суханронӣ намуда, ба нақши таърихии қабули Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ӯ иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии кишвар асосҳои сохтори давлатӣ, шакли идоракунӣ, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро муайян намуда, барои рушди устувори давлат ва ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Дар идомаи баромад зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он дар тамоми қаламрави кишвар мустақиман амал мекунанд. Ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба муқаррароти он мутобиқат дошта бошанд.
Дар маҷмуъ, иштирокчиёни ҳамоиш доир ба нақши Конститутсия дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба қонун андешаронӣ намуданд.