, Чоршанбе, 11-ноябр

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ


СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

10 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ, аз ҷумла Вализода Ҳокимхон Сафолиён - мудири бахши таъмини лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Холмуродзода Фазлиддин Шомаҳмад - мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ, Шарифзода Дурандеш Алишер - мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмӣ ва Салоҳиддини Сафарзода - мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсияи илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ иштирок намуда, бо роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳаққиқон ва докторантони донишгоҳ масъалаҳои мубрами соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Семинарро Аюбзода Сафар, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дар шароити рушди босуръати илму маориф ва тақвияти иқтидори илмии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аҳаммияти махсус дорад.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳамкории судманд бо Комиссияи олии аттестатсионӣ метавонад дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳаққиқон ва пешгирии камбудиҳо дар раванди омодасозию ҳимояи корҳои илмӣ нақши муассир гузорад.

Сипас, Вализода Ҳокимхон Сафолиён - мудири бахши таъмини лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ аз таърихи таъсис ва нақши Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ташаккул ва рушди низоми миллии аттестатсияи кадрҳои илмӣ ёдовар гардид. Ӯ таъсиси ин ниҳодро яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии давлат арзёбӣ намуда, онро заминаи муҳимми таъмини мустақилияти илмии кишвар ва таҳкими низоми миллии тайёр кардани кадрҳои илмӣ маънидод кард.

Дар идомаи семинар Холмуродзода Фазлиддин Шомаҳмад - мудири бахши таъминоти ҳуқуқии Комиссияи олии аттестатсионӣ доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили раванди омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ суханронӣ намуд. Зимни баромад ӯ иштирокдоронро бо талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи аттестатсияи илмӣ, тартиби таҳия ва пешниҳоди корҳои диссертатсионӣ, инчунин меъёрҳои риояи талаботи муқарраргардида шинос кард. Таъкид гардид, ки риояи дақиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, масъулияти илмӣ, саҳеҳияти натиҷаҳои таҳқиқот ва таъмини сатҳи баланди сифати корҳои диссертатсионӣ заминаи асосии омодасозии мутахассисони соҳибунвон ба ҳисоб мераванд.

Шарифзода Дурандеш Алишер - мудири бахши иттилоот ва маҷаллаҳои илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ дар мавзуи тартиби омодасозӣ ва интишори мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, талаботи муқарраргардида нисбат ба онҳо ва нақши нашрияҳои илмӣ дар муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ибрози назар намуд. Номбурда бо такя ба муқаррароти марбут ба фаъолияти нашрияҳои илмӣ, аз ҷумла талаботи марбут ба мақолаҳои илмии дар Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ интишоршаванда, масъалаҳои муҳими таҳияи мақола, сифати муҳтавои илмӣ, дурустии иқтибосоварӣ ва риояи меъёрҳои интишорро шарҳ дод.

Дар маҷмуъ, дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими марбут ба шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои санадҳои нави меъёрии ҳуқуқии соҳаи аттестатсияи илмӣ, тағйиру навгониҳои асосӣ, талаботи амалкунанда ва тартиби татбиқи амалии онҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Дар идома иштирокдорон доир ба мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, саволу пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ ба саволҳои муҳаққиқон ва омӯзгорон посухҳои мушаххасу асоснок дода, оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва дуруст ба роҳ мондани раванди омодасозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми семинари омӯзишӣ ба ду нафар устоди донишгоҳ тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2026, №407/ди, дипломҳои намунаи давлатии дараҷаи илмӣ, аз ҷумла ба Сафарализода Абдуҷаббор Сафаралӣ - докторанти PhD-и рӯзноманигорӣ, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050400 - Рӯзноманигорӣ (6D050401 - Рӯзноманигорӣ) ва ба Ҳусайнзода Руҳуллоҳ Салоҳуддин - муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими он, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060100 - Математика (6D060101 - Таърихи илму техника (математика)) супорида шуд.




Ба рӯйхат