,
Чоршанбе, 23-сентябр
Бо чунин ном дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид
Чорабинии мазкур бо ҳузури роҳбарияти донишгоҳ, аҳли илму адаб, устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор шуда, ба гиромидошти номи ҷовидонаи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс - Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуд.
Ба ҳайати раёсат ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Сафарзода Файз Ашӯр ва дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ шомил буданд.
Ҳамоиши илмӣ-адабӣ бо гулгузорӣ бар пояи муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саҳни бинои маъмурии донишгоҳ оғоз гардид. Иштирокдорони чорабинӣ бо эҳтиром ба хотира ва мероси гаронбаҳои адиб арҷ гузошта, ба пояи муҷассамаи устод гулҳои тару тоза гузоштанд.
Дар идома меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиш аз намоиши асарҳои илмӣ, адабӣ ва маводи марбут ба рӯзгор ва осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дидан намуданд. Намоишгоҳ таҷассумгари таваҷҷуҳи аҳли донишгоҳ ба омӯзиш ва тарғиби мероси адабии устоди сухан буд. Дар ин ҳангом ба ҳайати меҳмонон рамзи сарисинагӣ бо навиштаҷоти “22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ” бо акси адиб тақдим карда шуд.
Сипас, чорабинии асосӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ идома ёфт. Ҳамоиш бо намоиши филми мустанад оид ба рӯзгор ва осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар асоси асари «Чеҳраҳои мондагор»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст, оғоз гардид.
Филми мустанад ба иштирокдорон имкон фароҳам овард, ки ба муҳимтарин саҳифаҳои рӯзгор ва фаъолияти эҷодии устод Рӯдакӣ назар намуда, ба мақоми таърихиву адабии ин суханвари бузург бештар ошно шаванд.
Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.
Ректори донишгоҳ ҳозирин ва меҳмонони ҳамоишро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки Рӯзи Рӯдакӣ яке аз санаҳои муҳими фарҳангиву маърифатии кишвар буда, барои арҷгузорӣ ба шахсияти бузурги адабиёти классикии тоҷику форс ва омӯзиши мероси гаронбаҳои ӯ имкони муносиб фароҳам меорад.
Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, таърих ва мероси маънавӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Дар ин раванд адабиёт ҳамчун оинаи ҳастии маънавии миллат ва василаи пайванди наслҳо нақши муҳим дорад.
Профессор Сафарзода Мунир Ватан таъкид намуд, ки осори устод Рӯдакӣ бо гузашти беш аз ҳазор сол аҳамияти худро гум накардааст. Дар ашъори ӯ инсон, зиндагӣ, хирад, ахлоқ, муҳаббат, адолат ва ормони зиндагии шоиста ҷойгоҳи муҳим доранд.
Дар идомаи ҳамоиш дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ оид ба рӯзгор, осор ва мақоми адабии устод Рӯдакӣ маърӯза намуд.
Дар маърӯза таъкид гардид, ки Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс на танҳо ҳамчун шоири бузург, балки ҳамчун поягузори андешаи адабӣ ва ахлоқӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Осори ӯ аз муҳимтарин сарчашмаҳои шинохти фарҳанги адабӣ ва ҷаҳонбинии даврони Сомониён ба шумор меравад.
Суханрониҳои минбаъда ба нақши Рӯдакӣ дар рушди адабиёти тоҷик ва таъсири осори ӯ ба наслҳои баъдии аҳли қалам бахшида шуданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб зимни суханронӣ аз ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ва нақши ӯ дар ташаккули суханварии классикӣ ёдовар шуд. Ба таъкиди ӯ, сухани Рӯдакӣ бо гузашти садсолаҳо ҳамоно неруи маънавӣ ва таъсиргузории худро нигоҳ доштааст.
Дар идомаи ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Сафарзода Файз Ашӯр зимни суханронӣ доир ба мақоми Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷик ва таъсири эҷодиёти ӯ ба рушди назми минбаъда андешаҳои худро баён намуд.
Ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар самти арҷгузорӣ ба мероси адабии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши осори бузургони адабиёт таъкид кард.
Дотсенти кафедраи химия Холиқзода Сафар баромад намуда, оид ба робитаи илму адаб, ҷойгоҳи дониш дар андешаи Рӯдакӣ ва аҳаммияти маърифати илмӣ дар ҷомеаи муосир андешаронӣ кард.
Яке аз бахшҳои ҷолиби ҳамоиш қисми адабӣ ва музокира буд.
Дар ин бахш шоирон Абдуқаҳҳори Мусо, Нуралӣ Яъқуб, Сулаймон Султон, Одина Раҳмон ва Неъмат Ҳабиб бо қироати шеърҳои худ ба чорабинӣ ҳусни адабӣ бахшиданд.
Иштироки шоирон дар ҳамоиш бори дигар собит намуд, ки мероси устод Рӯдакӣ барои аҳли адаби муосир низ сарчашмаи илҳом ва андешаи эҷодӣ мебошад. Сухани Рӯдакӣ, ки дар меҳвари он инсон, зиндагӣ, хирад, ахлоқ ва маърифат қарор доранд, имрӯз низ бо ниёзҳои маънавии ҷомеа ҳамоҳанг аст.
Дар фарҷоми ҳамоиш адибон осори тозаэҷоди худро ба раёсати донишгоҳ барои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи донишгоҳ тақдим намуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба аҳли адаб ҳамчун рамзи қадршиносӣ ва эҳтиром ба заҳмати эҷодии онҳо номаҳои миннатдорӣ супорида шуд.
Дар маҷмуъ, ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - пайвандагари дирӯз, имрӯз ва фардо» ба як рӯйдоди муҳими илмӣ, адабӣ ва фарҳангии донишгоҳ табдил ёфт.