, Чоршанбе, 18-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ИНФОРМАТИКА ДАР АМАЛ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ИНФОРМАТИКА ДАР АМАЛ”

Санаи 16 ноябри соли 2026 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Информатика дар амал”-и назди кафедраи методикаи таълими информатика баргузор гардид.

Дар маҳфил Шеров Умед-донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Усулҳои системаи мобилии замонавӣ” ва Ҳусанов Анвар-донишҷӯи курси дуюм дар мавзуи “Операторҳои даврӣ дар забони барномасозии Паскал” баромад намуданд. Маърӯзаҳои пешниҳодшуда ба такмили донишҳои назариявӣ ва рушди малакаҳои амалии донишҷӯён дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотию барномасозӣ равона гардида буданд.

Дар ҷараёни маҳфил иштирокдорон доир ба мавзуъҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас гирифтанд.




Ба рӯйхат