, Сешанбе, 17-ноябр

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ


РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

16 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола санаи 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Интихоби ин рӯз тасодуфӣ нест. Маҳз 16 ноябри соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии Президенти нави Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд. Ҳамчунин, дар асоси қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2016 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» қабул гардида, ба Эмомалӣ Раҳмон мақоми «Асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол» дода шуд.

Мардуми кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кайҳо Пешво хонда буданд. 27 июни соли 1997, баъди дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳамаи мардуми Тоҷикистон - хурду бузург, зану мард, пиру барно - Ӯро Падар, Сарвар, Роҳбар ва Пешво мегуфтанд. Ин ном ифодагари меҳру садоқати бепоёни мардум ба Пешвои муаззам мебошад.

Ин ҳама арҷгузориҳо ба заҳматҳои арзанда ва шабзиндадориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории нави тоҷикон, таъмини сулҳу амният ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудаанд.

Дар соле, ки тоҷикистониҳо бистумин солгарди Ваҳдати миллӣ, бисту шашсолагии Истиқлолияти давлатӣ ва бисту панҷумин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро ҷашн мегирифтанд, Созмони ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ амнтарин кишвар аз назари сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ эълон намуд. Соҳиб шудан ба чунин унвон дар ҳамсоягӣ бо давлати ҷангзадаи Афғонистон, ки аз назари ҳамин созмон ноамнтарин кишвар барои сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ дониста шудааст, нишонаи он аст, ки Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои маҳбуб ва оқилу дурандеши худ барои таъмини сулҳу амният ва назму суботи давлат ва минтақа талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.

Нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон ва саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин навиштааст: «Дар муддати хеле кӯтоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзадаву даргир бозёфти нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Ҷаноби Раҳмонов тавонист рисолати сулҳро ҷавонмардона ба дасти хеш бигирад».

Ин ҷо, пеш аз он ки ба сухани хеш идома диҳем, бояд як нуқтаро ёдовар шуд: баръакси сарони давлатҳои ҳамсоя - Нурсултон Назарбоев, Сафармурод Ниёзов, Ислом Каримов ва Аскар Акаев - Эмомалӣ Раҳмон хеле ҷавон буд ва таҷрибаи зарурии фаъолияти сиёсӣ надошт. Сарварони давлатҳои ҳамсоя ҳанӯз дар даврони Шуравӣ дар вазифаҳои баланди ҳизбӣ ва давлатӣ кору фаъолият карда, дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун ходимони намоёни давлатӣ маъруф буданд. Бо вуҷуди ин, сарвари ҷавони давлати тоҷикон ба шарофати шабзиндадорӣ, саъю талош, омӯзиш ва кӯшишҳои зиёд тавонист кишвари дар ҳолати маҳву нобудшавӣ қарордоштаи тоҷиконро аз нав эҳё намояд ва ҷаҳониёнро бо Тоҷикистон ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар васфи Пешвои миллати тоҷикон чунин изҳори назар намудааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди Ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти мураккаб дошт, дида намешуд. Ҳар он чи дар Тоҷикистон оид ба ин масъала амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар».

Нависандаи маъруфи тоҷик Ато Ҳамдам дар мақолаи «Идеал» навиштааст: «Ҳамон тавре ки солҳои ба давлати мутамаркази тоҷикон роҳбарӣ кардани Исмоили Сомониро дар таърих давраи Исмоили Сомонӣ меноманд, солҳоеро, ки Президент ба харобу тақсим шудани мамлакати хеш роҳ надод, оташи ҷанги бародаркушро хомӯш намуд, самтҳои ояндасози иқтисодиёт, сиёсат ва дигар соҳаҳои ҳаёти давлатро муайян намуда, рушду нумуъ бахшид, давраи Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд».

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко навиштааст: «Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдоду меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ - Эмомалӣ Раҳмон - ифтихор мекунанд. Сиёсати оқилона ва созандаеро, ки ин марди оқил, сиёсатмадори тавоно пеш мебарад, кишварашро аз маҳвшавӣ ҳифз кард ва ба ин сарзамин сулҳу осоиш овард».

Дар баробари тоҷикистониҳо, берун аз кишвар низ ба Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори давлати нави тоҷикон ва меъмори сулҳу ваҳдат маҳбубияти бесобиқа зоҳир менамоянд. Дар анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ки соли 2002 дар Истаравшан баргузор гардида буд, Озарахши Ҳофизӣ (Олмон) дар суханронии хеш, аз ҷумла, чунин изҳор намуда буд: «Ифтихори бузург аст, ки Шумо дар дили ҳамаи ҳамзабонон ва ҳамфарҳангон на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки бисёр дуртар аз марзҳои Тоҷикистон - Амрико, Олмон, Фаронса, Бритониё, Австралия ва ҳар ҷое, ки қаламрави густурдаи фарҳанги мост, ҳузур доред. Ба Шумо меҳр меварзанд, холисона ва бидуни эҳтиёҷу ниёз эҳтиром мегузоранд. Ин ифтихори бузургест, ки насиби як роҳбар дар замони ҳозира гардидааст».

Раиси ҷумҳури он замони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд (рӯҳашон шод бод) хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ба эътидол овардани вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, баргардонидани гурезаҳои маҷбурӣ ба маконҳои зисти доимӣ ва таъмини сулҳу амният таъкид карда, гуфта буданд: «Ба халқу давлати Шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед». Ин мардони оқилу ниёзманд ба сулҳу амнияти давлаташон Сарвари давлати тоҷиконро «неъмати бебаҳо» номиданд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 16 ноябр таҷлил мегардад, ба санаи нахустин маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1994 рабт дорад. Нақши Пешвои миллат дар хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ (1997) ва эҳёи давлатдории тоҷикон дар изҳороти шахсиятҳои ватанӣ ва хориҷӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, мардум Ӯро дӯст медоранд, дастгирӣ мекунанд ва ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат арҷ мегузоранд.

Мирзоев Субҳон, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат