,
Чоршанбе, 07-октябр
Бо чунин ҳадаф 6 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши омӯзгор дар ҳифз, рушд ва таҳкими забони давлатӣ дар шароити муосир” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш роҳбарияти донишгоҳ, устодону омӯзгорон, кормандон, собиқадорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Кори ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, ба ҳозирин филми «Машъалафрӯз» намоиш дода шуд, ки дар он андешаву мулоҳизаҳои устодони соҳибмактаб ва соҳибтаҷрибаи донишгоҳ доир ба мақому манзалати омӯзгор, рисолати касбии ӯ, нақши устод дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва саҳми омӯзгорон дар рушди илму маориф инъикос ёфта буд.
Дар оғози қисми расмии ҳамоиш ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан бо сухани табрикӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфт.
Зимни суханронӣ таъкид намуд, ки омӯзгор дар ҷомеа на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари инсон, роҳнамои маънавӣ ва ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон мебошад. Омӯзгор ба инсон дониш омӯхта, ӯро ба андешидан, шинохтан, интихоб кардан ва созанда будан раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, пешрафти ҷомеа ва фардои давлат ба сатҳи таълиму тарбия ва фаъолияти масъулонаи омӯзгорон пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ин замина, таъкиди Пешвои миллат, ки «Ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад», масъулияти аҳли илму маорифро боз ҳам бештар менамояд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Рӯзи омӯзгорон бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози маънавӣ ва рисолати иҷтимоӣ ҳамбастагии амиқ дорад. Забон хотираи таърихии миллат, оинаи фарҳанг ва василаи ба наслҳои оянда расонидани андешаву арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин раванд масъулияти омӯзгор махсусан муҳим аст, зеро устод на танҳо дониш меомӯзонад, балки ба шогирдон фарҳанги сухан, тарзи дурусти баён, эҳтиром ба забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ низ омӯзиш медиҳад. Таъкид шуд, ки ҳифз, рушди забони тоҷикӣ ва истифодаи босаводонаи он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, дар ин самт омӯзгорон ҳамчун намунаи суханварӣ ва фарҳанги муошират нақши калидӣ доранд.
Ректори донишгоҳ ҳамчунин ба саҳми устодону кормандон дар омодагӣ ба истиқболи меҳмони олиқадр - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баргузории чорабиниҳои бошукӯҳи ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуда, ба кулли аҳли донишгоҳ барои масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан ва саҳми арзандаашон изҳори сипос намуд.
Дар идома таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои таърихи беш аз ҳаштодсола буда, дар тӯли фаъолияти худ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди илму маориф шинохта шудааст. Дар ин давра устодони зиёде дар рушди таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ ва ташаккули муҳити маънавии донишгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд. Хотираи устодони фидокоре, ки солҳои умри худро ба илму маориф ва тарбияи насли ҷавон бахшидаанду имрӯз дар байни мо нестанд, ҳамчун як қисми муҳими таърихи донишгоҳ боқӣ мондааст.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки имрӯз низ дар донишгоҳ як қатор олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадор фаъолияти пурмаҳсул дошта, бо дониш, таҷриба ва маслиҳатҳои созандаи худ дар рушди таълим ва илм саҳми арзанда мегузоранд. Ҳифзи анъанаҳои неки устодони гузашта, истифодаи таҷрибаи онҳо ва интиқоли ин мероси маънавӣ ба насли ҷавон яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи донишгоҳӣ мебошад.
Сипас, дар бахши илмӣ мувофиқи барномаи ҳамоиш як қатор маърӯзаҳои илмӣ ва андешаҳои таҳлилӣ пешниҳод гардиданд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони донишгоҳ Ҷумаҳон Алимӣ дар мавзуи «Забони тоҷикӣ ва мақоми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Зимни суханронӣ масъалаҳои ҷойгоҳи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, аҳамияти он дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангиву адабӣ ва нақши забон дар таҳкими давлатдории миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарифзода Одинамо дар мавзуи «Нақши омӯзгор дар ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат ва рушди сармояи инсонӣ» суханронӣ намуд. Дар баромад доир ба нақши омӯзгор ҳамчун омили асосии ташаккули сармояи инсонӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон ибрози назар карда шуд.
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Саодати Раҳмоналӣ дар мавзуи «Омӯзгор ва рисолати ӯ дар ҷомеаи муосир: аз таълими маҳорат то ташаккули шахсият» андешаҳои худро баён намуд.
Дар фарҷоми қисми пленарии ҳамоиш як гурӯҳ кормандони донишгоҳ барои фаъолияти содиқона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маорифу илм ва фаъолияти ҷамъиятӣ бо Нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони “100-солагии матбуоти тоҷик”, Шаҳодатномаи узвият ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Қисми дигари чорабиниро барномаи фарҳангӣ ташкил дод. Ансамбли «Гулрез»-и муассиса бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, аз ҷумла суруду навоҳои тараннумгари сулҳу субот, Ватан ва озодӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи ҳозиринро болида гардонид.