,
Панҷшанбе, 05-ноябр

Имрӯз, 7 октябри соли 2026, Сайдализода Рустам Абдулло – муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “ Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-этнографии асрҳои XV–XVI” бо роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Қурбонов Б.Р бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1.5. Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.