, Сешанбе, 17-ноябр

ГӮШТИНИ МИЛЛӢ - МАКТАБИ МАРДОНАГӢ, РАМЗИ МАТОНАТ ВА ПАЙВАНДИ НАСЛҲО


ГӮШТИНИ МИЛЛӢ - МАКТАБИ МАРДОНАГӢ, РАМЗИ МАТОНАТ ВА ПАЙВАНДИ НАСЛҲО

(Мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ дар шаҳри Кӯлоб)

16 ноябри соли 2026 дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ миёни кормандони мақомоти қудратии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид.

Чорабинии варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, ҳадафи он тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди гӯштини миллӣ ҳамчун яке аз суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик маҳсуб мегардад.

Мусобиқа бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, фазои тантанавии он бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҳамоҳанг буд. Иштирокчиён ва ҳозирин бо арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муҳаббат ба Ватан ба оғози ин чорабинии варзишӣ ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар мусобиқа беш аз 50 нафар паҳлавонон аз ҳисоби кормандони мақомоти қудратии минтақа иштирок намуда, маҳорати варзишӣ, қувваи ҷисмонӣ, чолокӣ, матонат ва иродаи қавии худро нишон доданд. Рақобатҳо аз рӯйи панҷ вазни аз 65 то 87+ килограмм баргузор гардида, ҳар як қувваозмоӣ бо рӯҳияи баланди рақобатпазирӣ, эҳтироми ҳамдигар ва риояи одоби паҳлавонӣ сурат гирифт.

Гӯштини миллӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик на танҳо як намуди варзиш, балки мактаби тарбияи ҷасорату мардонагӣ, иродаи қавӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба рақиб ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баргузории чунин мусобиқаҳо дар баробари рушди варзиш, барои таҳкими ҳамкориҳои дӯстона, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи ҳамбастагӣ миёни кормандони сохторҳои гуногуни давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Мусобиқа дар фазои созандаву дӯстона ва бо риояи талаботи баргузории чорабиниҳои варзишӣ ҷараён гирифта, паҳлавонон бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва иродаи шикастнопазир барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош варзиданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа аз рӯйи натиҷаҳои умумӣ дастаҳои ғолиб муайян гардида, ҷойҳои ифтихорӣ ба таври зайл тақсим карда шуданд:

  • Ҷойи якум - насиби дастаи паҳлавонони кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ҷойи дуюм - насиби дастаи кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ҷойи сеюм - насиби дастаи кормандони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар маросими ҷамъбастӣ ғолибону ҷоизадорон дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.

Мусобиқаи мазкур бори дигар собит намуд, ки варзиш, бахусус гӯштини миллӣ, воситаи муассири таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ, тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва муаррифии арзишҳои волои фарҳанги миллӣ мебошад.




Ба рӯйхат