,
Душанбе, 02-ноябр
30 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаккули фарҳанги муошират дар муҳити муосири таълимӣ» маросими қадршиносии ғолибони даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар партави сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва дастгирии соҳибистеъдодон доир гардида, нишони арҷгузорӣ ба заҳмату талош, дониш, маҳорат ва дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар даври ниҳоии озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ бо нишон додани дониш, истеъдод, маҳорати эҷодӣ ва қобилияти таҳқиқотӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» Дилшодҷони Шоҳмурод, донишҷӯи курси дуюми факултети химия ва биология, дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он Холиқзода Сафар сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ мушарраф шуд.
Ҳамчунин, Сайфуллои Муродалӣ, донишҷӯи курси панҷуми ҳамин факултет, дар номинатсияи «Биология» ва Шарипов Анвар, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии психология, дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ба натиҷаҳои шоиста ноил гардида, бо ифтихорномаҳои Кумитаи тадорукоти озмун сарфароз шуданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» Қурбонова Зира, донишҷӯи курси дуюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, таҳти роҳбарии дотсент, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз сазовори ҷойи сеюм гардид.
Инчунин, Самадова Тахмина, донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи рус, барои иштироки фаъолона дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо ифтихорномаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуд.
Дар маросими тантанавии қадршиносӣ раёсати донишгоҳ ба ғолибони ҷойи сеюми озмунҳо ба маблағи 5000 сомонӣ ва ба роҳбарони онҳо ба андозаи як маоши вазифавӣ мукофотпулӣ тақдим намуд. Ҳамзамон, ба дигар иштирокдорони фаъоли озмунҳо барои ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии заҳмату талошҳояшон мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ супорида шуд.
Лаҳзаи дигари хотирмони маросим иқдоми Самадова Тахмина буд, ки намунаҳои асарҳои эҷодии худро ба осорхонаи донишгоҳ тақдим намуд. Ин иқдом на танҳо нишонаи эҳтиром ба таъриху фарҳанги муассиса, балки саҳми арзандаи донишҷӯ дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи фарҳангии донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Зимни маросим таъкид гардид, ки дастовардҳои мазкур натиҷаи заҳмати пайвастаи донишҷӯён, роҳнамоии омӯзгорони соҳибтаҷриба, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму эҷод ва таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди истеъдодҳо мебошанд. Чунин қадршиносӣ, пеш аз ҳама, барои ҳавасманд намудани ҷавонон ба омӯзиши амиқи илм, китобхонӣ, навоварӣ ва фаъолияти эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ғолибон, иштирокдорони фаъоли озмунҳо, роҳбарони онҳо ва кулли ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро ба муносибати ин дастовардҳои арзанда самимона табрик гуфта, барояшон дар роҳи донишандӯзӣ, пажӯҳишҳои илмӣ, фаъолияти эҷодӣ ва фатҳи қуллаҳои нави муваффақият барору комёбиҳо таманно менамояд.