,
Панҷшанбе, 05-ноябр

Имрӯз, 4 ноябри соли 2026, Сироҷзода Тахмина Мурод - муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳоти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон” бо роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Пиризода Ҷалил Сафар бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.6. Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-134 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.