, Ҷумъа, 23-январ

29.webp

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Тарҷумаи ҳол     Хабарҳо    Паёмҳо   Фармонҳо

31.webp

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик

Садриддин Айнӣ

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

32.webp

Муаллифи китоби "Тоҷикон"

академик Бобоҷон Ғафуров

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

33.webp

Шоири халқии Тоҷикистон

Мирзо Турсунзода

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

34.webp

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ

Нусратулло Махсум

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

35.webp

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ

Шириншоҳ Шоҳтемур

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Мақолаҳо   14 ГУМРОҲОН ВА МУХОЛИФОН - ДУШМАНОНИ ОРОМИИ ҶОМЕА

ГУМРОҲОН ВА МУХОЛИФОН - ДУШМАНОНИ ОРОМИИ ҶОМЕАИмрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳалае қарор дорад, ки оромию субот, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ бузургтарин дастоварди он ба шумор меравад. Маҳз ҳамин фазои осоишта аст, ки ба мардум имкон додааст зиндагӣ кунанд, таҳсил намоянд, меҳнат намоянд ва ба фардои худ бо умед нигаранд. Аммо, мутаассифона, ин неъмати бебаҳо ба ҳама писанд нест. Дар паси пардаи «озодӣ», «адолат» ва «ҳуқуқи инсон» гурӯҳҳо ва ашхосе пинҳонанд, ки ҳадафи аслиашон на ободии Ватан, балки нооромсозии ҷомеа мебошад. Ин гумроҳон ва мухолифони бегонапараст бо истифода аз эътиқод, эҳсосот ва содагии баъзе ҷавонон мекӯшанд фазои ороми кишварро халалдор созанд ва боварии мардумро нисбат ба давлату ҷомеа коста гардонанд. Муҳаммадиқболи Садриддини хонабардуши гумроҳ, ки имрӯз берун аз марзи Ватан ба гумроҳсозии ҷавонону насли навраси миллат машғул аст, азмураи афроди мазкур аст, ки ҳадафашон танҳо як чиз, он ҳам манфиат, нооромӣ, бесуботӣ ва гумроҳ сохтани мардум ба шумор меравад.

Муфассалтар

Мақолаҳо   21 АСОЛАТБОХТАВУ ГУМРОҲГАШТА

АСОЛАТБОХТАВУ ГУМРОҲГАШТАТаърих гувоҳ аст, ки ҳар гоҳ ҷомеа аз арзишҳои аслии худ дур меравад, пеш аз ҳама ба доми шахсоне меафтад, ки зоҳирро ба ҷойи ботин, шиорро ба ҷойи амал ва суханро ба ҷойи масъулият мегузоранд. Чунин афрод худро на он гуна ки ҳастанд, балки он гуна ки мехоҳанд бинмоянд, муаррифӣ мекунанд. Онҳо бо ниқоби дин, адолат ва «ҳақталошӣ» ба майдон меоянд, аммо дар асл тухми ихтилоф, боваршиканӣ ва гумроҳиро дар зеҳни наслҳо мекоранд.

Муфассалтар

Мақолаҳо   10 ПАЁМИ ОРАД ФАРАҲ БАР ҚАЛБИ МАРДУМ

ПАЁМИ ОРАД ФАРАҲ БАР ҚАЛБИ МАРДУМПаёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар 16-уми декабри соли 2025 мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид. Чун анъана, роҳбари давлат дар фарҷоми ҳар сол бо Паёми хеш натиҷаҳои фаъолияти давлату Ҳукуматро ҷамъбаст намуда, онро ҳамчун арзи эҳтироми воло ба хурду бузурги миллат пешниҳод менамояд. Ин равиш гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар дорои ҳисси баланди мардумпарварӣ, миллатдӯстӣ, ватанхоҳӣ ва масъулияти шоистаи хизмат ба ҷомеа мебошад.

Муфассалтар

Мақолаҳо   6 РОҲИ ФАРДОРО МУНАВВАР МЕКУНЕМ

РОҲИ ФАРДОРО МУНАВВАР МЕКУНЕМПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми хешро ба мардуми азизи кишвар таҳти унвони «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ироа менамоянд. Дар навбати худ халқи тоҷик, мардуми шарифи Тоҷикистон ин паёмҳоро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ намуда, аз он нигарониҳои умедбахшро интизор мешаванд. Паёми навбатии Президенти кишвар дар марҳилаи барои халқи Тоҷикистони азиз ниҳоят муҳиму таърихӣ, яъне омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. 

Муфассалтар

Чорабиниҳо   7 КОРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПОКИЗАКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ПАС АЗ БОРИШИ БАРФ

КОРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПОКИЗАКОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ПАС АЗ БОРИШИ БАРФСубҳи 23 январи соли 2026 пас аз бориши шадиди барф дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ корҳои дастаҷамъонаи покизакорӣ бо иштироки ҳайати устодон ва кормандони бахши хоҷагии муассиса баргузор гардид.

Муфассалтар

Мақолаҳо   6 ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ - ХАТАРИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ - ХАТАРИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕАТайи чанд соли охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон амалҳои террористӣ ва ифротгароёна ба таври густурда содир мешаванд. Дар натиҷаи ин вазъи мураккаби сиёсӣ, суботу оромӣ дар ин кишварҳо ҳамоно халалдор гардида, мардуми осоишта пайваста қурбонии кирдорҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. Хусусан зуҳури гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» барои амнияти минтақа ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдидҳои нав ва ҷиддиро ба вуҷуд овард.

Муфассалтар

Вохӯриҳо   6 ДДК. ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ, ИСТЕЪМОЛУ ПАҲНШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР ВА МУНОҚИША БО КОРД

ДДК. ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ, ИСТЕЪМОЛУ ПАҲНШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАШЪАДОР ВА МУНОҚИША БО КОРДДар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати тадбирҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, имрӯз (22.01.2026) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо варзишгарон, мураббиёни мактабҳои варзишӣ, ҷавонони бонуфузи шаҳри Кӯлоб ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Муфассалтар

Мақолаҳо   8 КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД

КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН БОМАРОМ ИДОМА ДОРАДКурси такмили ихтисоси омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо маром идома дошта, ҳамчун иқдоми муҳим дар ҳошияи дастуру супоришҳои хирадмандонаву маорифпарваронаи пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи касбият ва мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи замони муосир арзёбӣ мегардад. Дар доираи курс, ки барои омӯзгорони равияи ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ пешбинӣ шудааст, бо ҷалби олимону мутахассисони варзида масъалаҳои муҳими илмӣ-назариявӣ ва амалӣ, усулҳои муосири таълим ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсил мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Машғулиятҳо бо лексияҳои пурмуҳтаво, мубодилаи таҷриба ва посух ба суолҳои иштирокчиён ҷараён гирифта, аз ҷониби шунавандагон бо таваҷҷуҳи зиёд истиқбол шуданд.

Муфассалтар

Дастовардҳо   25 ТАРБИЯТГИРАНДАИ КӮДАКИСТОНИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ДОНОЯКОН” ГАРДИД

ТАРБИЯТГИРАНДАИ КӮДАКИСТОНИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ДОНОЯКОН” ГАРДИДБо ташаббуси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб миёни тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб озмуни маърифатии “Доноякон” баргузор гардид. Дар ин озмун, ки ҳадафаш дарёфт ва рушди истеъдодҳои зеҳнии кӯдакон мебошад, тарбиятгирандагони беҳтарин маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Дар ҷамъбасти озмун Саидзода Аниса Қурбоналӣ-тарбиятгирандаи Кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо нишон додани донишу заковати баланд сазовори ҷои аввал гардид.

Муфассалтар
  • ЭЪЛОН!

    Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба диққати донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона, равия ва ихтисосҳои омӯзгорӣ мерасонад, ки машғулиятҳои дарсии ҳузурии нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026 тибқи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 10.10.2025, №272 «Оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои дарсии ҳузурӣ ва сессияи санҷишию имтиҳонотии донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026» барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 ва 4 аз санаи 22.12.2025 оғоз  гардида то 10.01.2026 идома хоҳад кард.

  • ЭЪЛОН!

    Ба таваҷҷуҳи омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ расонида мешавад, ки Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”-и донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорону кормандони муассиса курси омӯзишии “Забони англисӣ”-ро тариқи ройгон барои 3 моҳ дар нақша дорад. Машғулиятҳои курси омӯзишӣ аз 1-уми декабри соли 2025 шуруъ мегардад. Раванди баргузории дарсҳо дар давоми ҳафта 2 рӯз (сешанбе ва панҷшанбе), дар ду баст (басти якум аз соати 10:00  то 11:30; басти дуюм аз соати 14:00 то 15:30) муқаррар гардидааст.

  • ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

    Комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар озмуни тақсимот тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ роҳ ёфтанд, мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 08:00 то соати 17:00 дар бинои факултети химия ва биологияи Донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Ҳуҷҷатҳои довталабон то санаи 06.08.2025, соати 17:00 қабул карда мешавад.

  • ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

    Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба диққати хоҳишмандон мерасонад, ки марказ фаъолияти худро барои мактаббачагон дар таътили тобистона низ ба роҳ мемонад. Марказ мутобиқи дархости мизоҷон курсҳои забономӯзиро (забонҳои русӣ, англисӣ, хитоӣ ва олмонӣ) ташкил намуда, дар асоси муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машварат ва хулосаҳои психологиву ҳуқуқӣ низ медиҳад.

  • Интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – равзанаи фардои дурухшони шумо хоҳад буд!

    Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қабули довталабонро барои соли таҳсили 2025 -2026 ба 10 факултет аз рӯи 63 равияҳои тахассусӣ дар таълими рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ эълон менамояд.


Эълони чорабиниҳои донишгоҳ

Январ

Феврал

23

24

25

26

27

28

29

30

31

01

02

03

04

05

Лутфан барномаи моро насб намоед!