, Сешанбе, 16-декабр

29.webp

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Тарҷумаи ҳол     Хабарҳо    Паёмҳо   Фармонҳо

31.webp

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик

Садриддин Айнӣ

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

32.webp

Муаллифи китоби "Тоҷикон"

академик Бобоҷон Ғафуров

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

33.webp

Шоири халқии Тоҷикистон

Мирзо Турсунзода

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

34.webp

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ

Нусратулло Махсум

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

35.webp

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ

Шириншоҳ Шоҳтемур

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Мақолаҳо   16 ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР ВА МУБОРИЗА БО ОН

ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР ВА МУБОРИЗА БО ОНТерроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлубест, ки тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст. Махсусан дар асре, ки инсон ба кайҳон меравад, инсон зеҳни сунъӣ месозад, зиндагиву тараққиёт рӯ ба авҷ аст ва ҳатто то ҳафтум осмон парчами илмро парафшон мекунад, аммо мутаассифона, ҳолиё ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд оташи ҷанг бештар афрӯхта шавад, дӯстиву бародарӣ аз миён биравад ва ҳатто бародарон дар симои якдигар душмани ҷони худро бубинад, чӣ басо хонаҳо сӯхта шаванд ва кӯдакон кушта. Ин амали нангинро онҳо барои шараф медонанд ва бе ягон фикру андеша ба он даст мезананд. Барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба силоҳи ҳастаӣ монанд кардаанд, ки агар истифода бишавад, ҳеҷ касро зиндаву саломат намегузоранд.

Муфассалтар

Таълим   17 ДАРСИ НАМУНАВӢ: СИФАТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ГРАММАТИКИИ ОН

ДАРСИ НАМУНАВӢ: СИФАТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ГРАММАТИКИИ ОНДар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Сайдалиева Сарварбӣ дарси намунавӣ, аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик, дар гурӯҳи таълимии 104-и ихтисоси рӯзноманигорӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет гузаронида шуд. Мавзуи дарс “Сифат ва хусусиятҳои грамматикии он” муқаррар гардида буд.

Муфассалтар

Чорабиниҳо   16 РАВАНДИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ ПОКСОЗӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНД

РАВАНДИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ ПОКСОЗӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНДДар партави дастуру супоришҳо ва иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию поксозӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи диёр, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пайваста шанбегиҳои дастаҷамъона баргузор карда мешаванд. Ин иқдомҳо ба беҳдошти муҳити зист, таҳкими фарҳанги тозагӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ равона гардидаанд.

Муфассалтар

Варзиш   18 ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ МИЗБОНИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ШАМШЕРБОЗӢ

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ МИЗБОНИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ШАМШЕРБОЗӢРӯзҳои 12–13 декабри соли 2025 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизбони баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шамшербозӣ миёни ҷавонон (духтарон ва писарон) гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, варзишгарон аз тамоми минтақаи кишварро ба ҳам овард.

Муфассалтар

Варзиш   39 ВАРЗИШ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ ВА ОМИЛИ СУЛҲУ СУБОТ

ВАРЗИШ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ ВА ОМИЛИ СУЛҲУ СУБОТСубҳи рӯзи шанбеи 13-уми декабри соли 2025, дар доираи идомаи чорабиниҳои варзишӣ, дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштироки роҳбарият, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Муфассалтар

Ҷаласаҳо   36 ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИДТаърихи 12 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ дар соли таҳсили 2025-2026 таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзоёни раёсат баргузор гардид. Ҷаласа ба баррасии масъалаҳои муҳимми фаъолият бахшида шуда, онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Муфассалтар

Таълим   34 ДАРСИ НАМУНАВӢ: КАТЕГОРИЯҲОИ ЛУҒАВӢ ДАР ОСОРИ ХАТТИИ ЗАБОНИ АДАБИИ АСРҲОИ IX-X

ДАРСИ НАМУНАВӢ: КАТЕГОРИЯҲОИ ЛУҒАВӢ ДАР ОСОРИ ХАТТИИ ЗАБОНИ АДАБИИ АСРҲОИ IX-XТатбиқи усулҳои фаъоли таълим, ҷалби донишҷӯён ба раванди амалии омӯзиш, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва эҷоди муҳити мусоиди таълимӣ аз ҷузъҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи малакаҳои касбии донишҷӯён маҳсуб меёбанд. Дар ҳамин замина, имрӯз, 12.12.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ, дарси намунавии муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Тоиров Шермуҳаммад аз фанни таърихи забони адабии тоҷик (давраи нав) дар гурӯҳҳои таълимии 301 ва 302-и забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Категорияҳои луғавӣ дар осори хаттии забони адабии асрҳои IX-X” доир гардид.

Муфассалтар

Чорабиниҳо   34 НАТИҶАГИРИИ НАҚША-ЧОРАБИНӢ ҶИҲАТИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ (2021-2025) ДАР ДОНИШГОҲ

НАТИҶАГИРИИ НАҚША-ЧОРАБИНӢ ҶИҲАТИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ (2021-2025) ДАР ДОНИШГОҲ12 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиш оид ба натиҷагирии Нақша-чорабинӣ ҷиҳати татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, Прокурори шаҳри Кӯлоб Ғанизода Мансур, раиси суди шаҳри Кӯлоб Муҳиддинзода Баҳодур, сардори шуъбаи мубориза бо терроризми Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар минтақаи Кӯлоб Шарифов Сарабек, муовинони ректор, садорати факултетҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Муфассалтар

Таълим   32 ДАРСИ НАМУНАВӢ: ТАЪСИСЁБИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ТАЪСИСЁБИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛДар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавӣ ва тарбиявӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти олӣ, мубодилаи таҷрибаи педагогӣ, таҳкими малакаи касбӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба раванди таълим мебошад. Дар ҳамин замина, имрӯз (11.12.2025) дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби Каримзода Исроил, муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзуи «Таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар гурӯҳи таълимии 404-и хтисоси таърих ва ҳуқуқ дарси намунавӣ баргузор гардид.

Муфассалтар
  • ЭЪЛОН!

    Ба таваҷҷуҳи омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ расонида мешавад, ки Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”-и донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорону кормандони муассиса курси омӯзишии “Забони англисӣ”-ро тариқи ройгон барои 3 моҳ дар нақша дорад. Машғулиятҳои курси омӯзишӣ аз 1-уми декабри соли 2025 шуруъ мегардад. Раванди баргузории дарсҳо дар давоми ҳафта 2 рӯз (сешанбе ва панҷшанбе), дар ду баст (басти якум аз соати 10:00  то 11:30; басти дуюм аз соати 14:00 то 15:30) муқаррар гардидааст.

  • ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

    Комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар озмуни тақсимот тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ роҳ ёфтанд, мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза аз соати 08:00 то соати 17:00 дар бинои факултети химия ва биологияи Донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Ҳуҷҷатҳои довталабон то санаи 06.08.2025, соати 17:00 қабул карда мешавад.

  • ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

    Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба диққати хоҳишмандон мерасонад, ки марказ фаъолияти худро барои мактаббачагон дар таътили тобистона низ ба роҳ мемонад. Марказ мутобиқи дархости мизоҷон курсҳои забономӯзиро (забонҳои русӣ, англисӣ, хитоӣ ва олмонӣ) ташкил намуда, дар асоси муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машварат ва хулосаҳои психологиву ҳуқуқӣ низ медиҳад.

  • Интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – равзанаи фардои дурухшони шумо хоҳад буд!

    Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қабули довталабонро барои соли таҳсили 2025 -2026 ба 10 факултет аз рӯи 63 равияҳои тахассусӣ дар таълими рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ эълон менамояд.

  • Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ

    Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Роҳҳои баланд бардоштани амнияти иттилоотии шахс, ҷамъият ва давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 25 апрели соли 2025 баргузор мегардад, даъват менамояд.  


Эълони чорабиниҳои донишгоҳ

Декабр

16

17

18

19

20

21

22

23

24

25

26

27

28

29

Лутфан барномаи моро насб намоед!