, Чоршанбе, 26-ноябр

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ: ПАРЧАМИ МИЛЛАТ-РАМЗИ НАНГУ НОМИ МИЛЛАТ


ДАРСИ ТАРБИЯВӢ: ПАРЧАМИ МИЛЛАТ-РАМЗИ НАНГУ НОМИ МИЛЛАТ

Имрӯз (24.11.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар гурӯҳи таълимии 101-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дарси тарбиявӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул дар мавзуи «Парчами миллат-рамзи нангу номи миллат» баргузор гардид.

Муаллим дар оғоз ҳадаф ва аҳамияти баргузории дарсро шарҳ дода, таъкид намуд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳимми таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, бо мазмуну муҳтавои худ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ инчунин иброз дошт, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлол, ваҳдат ва сарбаландии миллат буда, омӯзиши таърих ва моҳияти он барои насли ҷавон басо зарур мебошад.

Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳ дар васфи Парчам шеър ва таронаҳои ватандӯстона қироат гардида, дарс бо руҳияи баланд ва эҳсоси самимӣ ҷараён гирифт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!