,
Чоршанбе, 26-ноябр
Дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Диофант”-и назди кафедраи математика ва методикаи таълими он бо иштироки номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедра Ниёзов Ҷонмуҳаммад, муаллими калони кафедра, ҳамзамон роҳбари маҳфил Ҳусайнзода Руҳулло ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедра Ҳусайнзода Руҳулло баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуд.
Сипас, донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси математика Қосимова Моҳинав дар мавзуи “Векторҳо ва амалҳо бо онҳо” ва Шоғумбеков Гулчин дар мавзуи “Муайянкунандаҳои тартиби дуюм, сеюм ва хосиятҳои он” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи аъзоёни маҳфил ба охир расид.