, Чоршанбе, 26-ноябр

ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ


ТОҶИКИСТОН ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ

“Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат ва ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул карда гардидааст. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ ҳамдигарфаҳмии иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Ҳамасола 24 ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва ба ин муносибат чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва роҳпаймоии осоиштаи сокинони мамлакат зери парафшонии парчами миллӣ баргузор мегардад.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон ба муқаддасот ва мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, ҳамзамон дар хотираи таърихии хеш,корномаву қаҳрамониҳои фарзандони ватандӯст ва далеру ғаюрро сабт намуда, симои барҷастаи онҳоро пайваста пешниҳод менамоянд. Яке аз чунин муқаддасоти миллӣ ва мероси ниҳоят ғанӣ,ки руҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст,парчами давлатӣ мебошад. Ҳамзамон ин рамзи миллӣ-омили нангу номуси ватандорӣ буда, мардуми моро муттаҳид карда,аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст. Тоҷикон тавонистанд дар асоси сарчашмаҳои муътамадӣ,таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ ба ҷаҳониён симои хешро бори дигар муаррифӣ карда,насли наву созандаи миллатро ба ҷодаи аз худ кардани таърих ва осори гузаштаи халқамон роҳнамоӣ ва ҳидоят намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 расман соҳиби рамзи давлатдории мустақил ва соҳибистиқлолии худ Парчами давлатӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами миллӣ таъкид намудаанд: “Парчами миллӣ-яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо,таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон,инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Шоирон ва адибони барҷастаи форсу тоҷик дар бораи парчами миллӣ шеърҳои пурмуътаво навиштаву эҷод намудаанд. Аз ҷумла адиби бузург Камол Насрулло чунин гуфтааст:

Тоҷикистон парчамат тоҷи сар аст,
Парчами ту аз ҳама болотар аст.
Парчами ту парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст.

Бо дастгирии бевоситаи сарвари давлат 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе парчами давлатӣ дар пояи махсус барафрохта шуд, ки он дар баландии 165 м парафшонӣ карда, дарозии он 60 м ва бараш бошад 30 метрро ташкил медиҳад ва айни замон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз баландтарин парчам ба ҳисоб рафта, дар китоби рекордҳои Гиннес сабти ном шудааст.

Парчами тоҷикон бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимаи миллӣ,аз ҷумла дирафши Ковиёнӣ оварда шудааст.Пӯшида нест,ки рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки он маънои амиқ дорад.Агар ранги сурх-рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстӣ миёни миллатҳо ва ҷонисории мардум ба хотири ҳифзи марзу бум бошад,ранги сафед-рамзи покӣ, фаровонии барфу куҳҳои баланди кишвар ва бойгарии асосии мамлакат пахта аст. Ранги сабз-рамзи водиҳои сабзпӯш,сарзамини кишоварзӣ,ҳамчунин рамзи шукуфоии кишвар буда,инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад,дар парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибдавлат ва соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Точикистон шаҳодат медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ,дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти мардум бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафманди хеш,парчами давлатии худро интихоб ва қабул намуд,ки он тоҷиконро бо иттиҳоду сарҷамъӣ,сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.Боиси ифтихор аст,ки имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас,мардуми сарбаланди тоҷик пояҳои давлати соҳибистиқлолро таҳким бахшида,барои ба як диёри ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбуб саъю талош карда истодаанд.

  Парчами давлати соҳибихтиёри мо хусусан барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда,онҳо дар ҳама ҷабъаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро аз ҷумла дар ҳимояи ватани маҳбуб ва дифои ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси он,бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд. Махсусан, ҷавонону варзишгарони тоҷик, ки насли ояндасоз ва номбардорони миллат мебошанд, ба дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро да дурдасттарин гӯшаҳои дунё парафшон месозанд.

Боиси ифтихор аст,ки парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда,ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатии миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ менамояд.Он ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоишта,сулҳу суббот ва мубориза барои устувори соҳибистиқлоли ба сӯи фардои дурахшон роҳнамоӣ иекунад. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассуим парчам муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз парчами давлатӣ,арҷгузориву ифтихор аз давлат ва ғамхорӣ ба фардо яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб меёбад.Бо дидани парчам, ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти  ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш дучанд боло мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш таъкидд доштаанд:  “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст,ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доиммо пойбарҷо бошад”.

 Парчами миллии мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Имрӯз парчами давлатӣ чун рамзи кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон парафшонӣ мекунадва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Мазарифова Меҳрангез, докторанти PhD кафедраи биология ва методикаи таълими ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!