, Чоршанбе, 26-ноябр

ИНКИШОФИ НУТҚИ ОБРАЗНОКИИ НАВРАСОН


ИНКИШОФИ НУТҚИ ОБРАЗНОКИИ НАВРАСОН

Инкишофи нутқи образнокии кӯдакон раванди хеле мураккаб буда, аз мураббӣ талаб менамояд, ки дар муассисаҳои томактабӣ аз дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии худ самаранок истифода барад. Бинобар ин зарур аст, ки кӯдакон ҳарчи барвақттар забони модарии худро хуб аз худ кунанд, зеро аз бар намудани илму дониш ва донистани забони модарӣ барои дуруст ва зебо сухан гуфтан кумак менамояд.

Аз ин рӯ, мо бо кӯдак ҳар қадар зудтар (мувофиқи хусусиятҳои синну сол) мувофиқа кунем ва зудтар дуруст гап заданро ёд диҳем, вай дар коллектив ҳамон қадар худро озод ҳис мекунад. Инкишофи нутқ кори мақсаднок ва пайвастаи педагогӣ мебошад, ки истифодаи усулҳои махсуси педагогӣ ва машқҳои нутқии худи кӯдакро дар бар мегирад. Барои самтҳои асосии ташаккули нутқи образноки кӯдакон, шинос кардани онҳо бо олами атроф, инкишоф ва ғанӣ гардонидани хотира ва бо қобилияти эҷодкорӣ ҳал намудани муаммоҳо самараи хуб медиҳад.

Ба фикри ман, мураббӣ ин хуршеди дурахшон аст, ки кӯдаконро бо нурҳои серҷилои худ ба худ ҷалб карда метавонад ва кудакон бедудилагӣ ба он нурҳои зебо ва дилфиреб назар афканда, аа он як ҷаҳон олами маънавӣ мегиранд. Кӯдакони синни томактабӣ самтҳои самараноки ташаккули нутқи худро он вақт истифода бурда метавонанд, ки машғулиятҳои мураббӣ гузошта хуб дар хотирашон нақш баста бошад ва онро дар муассиса ё дар хона такрор кунанд. Ин як роҳи хуби омӯхтани нутқи образнок мебошад. Даври он омадааст, ки мураббӣ ба мисли актёр дар саҳнаи театр нақши омӯхтаашро иҷро карда тавонад. Мураббиёни боғча ҳамон тавр кор баранд ва ба воситаи кӯдакон саҳначаҳои образноки тарбиявӣ ташкил намуда тавонанд ва ин иқдомро мунтазам пеш бурда тавонанд. Ин боиси шавқманд гардонидани кӯдакони боғча мегардад. Ё ин ки шеърҳои бачагонаро хуб дониста ифоданок хонда тавонанд, чунки кӯдакон шеър хонданро хеле дӯст медоранд.

Кӯдакони синни томактабӣ бояд бештар ба шеърҳои кӯдакона ҷалб шаванд, зеро ҳангоми омӯхтани шеър кӯдак нутқи худро такмил медиҳад, доираи онро васеъ гардонида, захираи луғатии худро бой мегардонад ва сатҳи маданияти умумии худро ташаккул медиҳад. Агар ба кӯдакон шеърҳои кӯдаконаи содаю равон ва пурмазмунро пешкаш намоем, он кӯдак нутқи образноки худро ташаккул дода метавонад. Аз ёд кардани шеърҳои кӯдакона, дар мисоли шеъри «Хоҳаракам» аз ҷумлаи шеърҳои мазкур аст, ки шавқи омӯзандагиро дар замири кӯдакон дучанд менамояд:

Хоҳари ҷон, хоҳарам,

Зебои чун модарам.

Нозанину ширинӣ,

Хоҳарам болу парам.

Маро ту меҳрубонӣ,

Гулрӯи бехазонӣ.

Бароят ман мехоҳам,

Нишони зиндагонӣ.

Баробари қироат кардани ин шеър, кӯдакони синни томактабӣ ба хаёлот ва тасаввурот дода мешаванд, зеро дар ҳар як калимааш хоҳарро ба симои модар ва хислатҳои ҳамидаи ӯ монанд мекунанд.

Лутфуллоев дар китоб «Бозӣ ва инкишофи нутқ» чунин қайд кардааст: «Бозӣ яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи муносибат дар ҷараёни дарс ва фориғ аз он мебошад. Ин амал метавонад ба нутқи образноки кӯдакони синни томактабӣ нақши асосӣ гузорад, зеро бозӣ дар ҳаёти кӯдак аз ҳама чиз боарзиш аст. Барои бо муваффақият ташкил намудани он мураббӣ бояд тарзи дурусти таълимро дуруст истифода барад».

Педагоги рус А. Рартюнов мегӯяд: «Нақши мураббӣ дар ташкил ва гузаронидани бозӣ, нақши режиссёри театрро мемонад». Бозӣ кӯдаконро рӯҳбаланд намуда, ба хониши асарҳои бадеӣ майл пайдо карданро бедор мекунад. Ба ақидаи педагог Э. Аракин: «Бозӣ бояд яке аз воситаҳои бузурги ниҳоят хуб ва ивазнашавандаи инкишофи тафаккури кӯдак ҳисобида шавад».

Ҳамин тавр, роҳҳои ташаккули нутқи образноки кӯдакони синни томактабӣ бисёр буда, мутахассисони ин соҳа мебояд онҳоро дуруст ба самъи мураббӣ расонанд. Ҳангоми кор кардан бо кӯдакони синни томактабӣ воситаҳои зерини инкишофи нутқи кӯдакон истифода мешаванд: муоширати байни калонсолон ва кӯдакон, муҳити фарҳангии забон, таълими забони модарӣ, намудҳои гуногуни санъат (санъати тасвирӣ, мусиқӣ, театр), адабиёти бадеӣ ва амсоли инҳо, ки яке аз воситаҳои фаъоли инкишофи нутқи образноки кӯдакони муассисаҳои томактабӣ мебошад.

Низом Баротов, омӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги ДДК ба номи А. Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!