, Чоршанбе, 26-ноябр

ТАРБИЯИ ОИЛАВӢ ВА РУШДИ ШАХСИЯТИ КӮДАК


ТАРБИЯИ ОИЛАВӢ ВА РУШДИ ШАХСИЯТИ КӮДАК

Оила макони муқаддасест, ки инсон дар он ба дунё меояд, тарбия мегирад ва ба зиндагии мустақилона қадам мегузорад. Асоси ташаккул ва тараққиёти шахсият низ маҳз дар оила гузошта мешавад. Агар кӯдак аз падару модар тарбияи дуруст нагирад, ба гуфтаи Ҳофизи Шерозӣ, дар оянда шахси комил шуданаш душвор аст:

Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба рӯйи хуршед сар кашад ҳам, худруст.

Саъдии Шерозӣ дӯстии падару модарро омили асосии тарбияи фарзанд медонад ва модарро мураббии аввалин мешуморад. Тарбияи дурусти оилавӣ аз эҳтироми фарзанд ба падару модар оғоз меёбад. Дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус низ таъкид шудааст, ки фарзанд набояд волидайнро ранҷонад, балки бояд онҳоро арҷ гузорад ва эҳтиёткор бошад.

Вазифаи падару модар дар тарбияи фарзанд - гузоштани номи нек, омӯзонидани илм ва ҳунар, тайёр кардани ӯ ба ҳаёти мустақил мебошад. Мардуми тоҷик, такя ба панду ҳикматҳои гузаштагон, анъана ва расму оинҳои миллӣ, ҳамеша кӯдакони солим, меҳнатдӯст ва ватандӯстро ба камол расондаанд.

Аммо дар солҳои охир масъулияти баъзе волидайн нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон коҳиш ёфтааст, ки ба ташаккули ҷавонон таъсири манфӣ расондааст. Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуд, ки ҳадафаш баланд бардоштани нақши оила дар рушди насли нав аст.

Тарбияи оилавӣ ҳамкории бомақсади калонсолон ва хурдсолони оила буда, бар меҳру эҳтиром, шаъну шарафи инсон ва арзишҳои миллӣ асос меёбад. Имкониятҳои тарбияи оилавӣ маҷмӯи шароити моддӣ, маънавӣ, равонӣ ва педагогии оила мебошанд, ки ба рушди кӯдак таъсири мустақим мерасонанд.

Хусусиятҳои тарбияи оилавӣ муоширати пайваста ва мустақим бо кӯдак, таъсири доимӣ ва табиӣ ба рафтору эҳсоси ӯ, мустаҳкамии робитаи эҳсосӣ ва масъулиятнокии тарафайн, таъсиррасонии мақсаднок ба рушди шахсиятро дар бар мегирад.

Тарбияи оилавӣ вақте самаранок аст, ки ба принсипҳои мақсаднокӣ, инсонгароӣ, ягонагии талаботи оилавию ҷамъиятӣ ва ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои инфиродии кӯдак такя намояд.

Шароити оилавӣ, аз қабили тарзи зиндагӣ, анъанаҳо, муҳити равонӣ ва фарҳанги педагогии падару модар, нақши калидӣ доранд. Падару модар бояд дониши педагогӣ дошта бошанд, тавонанд рафтори фарзандонро таҳлил ва роҳнамоӣ кунанд.

Аз тарзҳои гуногуни тарбия, усули демократӣ самараноктарин аст. Дар ин усул кӯдак дар муҳокимаи масъалаҳои оилавӣ иштирок мекунад, озодона андеша мегӯяд ва волидайн ба ӯ боварӣ доранд. Баръакс, усули назорати шадид ва маҳдудкунӣ ба тарбияи шахсияти мустақил монеъ мегардад.

Мазмуни тарбияи оилавӣ ташаккули маданияти шахсӣ, саломатии ҷисмониву равонӣ, худшиносӣ ва масъулияти иҷтимоии кӯдакро дар бар мегирад. Муҳим аст, ки дар оила муҳити солим, гигиенаи хуб, машқҳои ҷисмонӣ ва сайру гашт фароҳам бошад.

Ибрати шахсии падару модар омили асосии тарбияи маънавӣ ва шаҳрвандии кӯдак аст. Хушзеҳнӣ, ҳиссиёт, дилсӯзӣ ва муҳаббати фарзанд маҳз дар чунин муҳит ташаккул меёбанд.

Барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ, зарур аст, ки падару модарон бо донишҳои педагогӣ ва психологӣ мусаллаҳ гарданд, то тавонанд фарзандони боодоб, боақлу меҳнатдӯст ва ватандӯст ба воя расонанд.

Изатов Муҳаббат, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!