, Чоршанбе, 26-ноябр

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 25-уми ноябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори факултети химия ва биология конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иқтисоди сабз ҳамчун омили асосӣ оид ба беҳдошти вазъи экологии ҳавои атмосферӣ» дар доираи чорабиниҳои илмӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 80-солагии донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва меҳмонон ҳузур доштанд. Мақсади асосии конференсия мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва мубодилаи андешаҳои илмӣ дар самти ҳифзи муҳити зист буд.

Кори конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Аюбзода Сафар Аюб бо сухани пурмуҳтаво оғоз бахшид. Ӯ аҳамияти иқтисоди сабз ва зарурати таҳқиқи роҳҳои коҳиши ифлосшавии ҳавои атмосфериро таъкид карда, нақши омӯзиши илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳалли мушкилоти экологӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идома тибқи барнома Мухторзода Мумин Мухтор,  номзади илмҳои педагогӣ, дотсент дар мавзуи: «Парваришу нигоҳдории растаниҳои ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ - омили ташаккули маърифати экологии хонандагону донишҷӯён» баромад намуд. Дар маърӯза масъалаҳои тарбияи экологии насли ҷавон тавассути парвариш ва нигоҳдории растаниҳои ороишӣ баррасӣ гардид. Муаллиф бо далелҳои илмӣ нишон дод, ки алоқаманд кардани донишҷӯён ба табиат ва корҳои амалӣ дар самти парвариши гулу гиёҳҳои мавсимӣ ба баланд шудани эҳсоси масъулияти экологӣ мусоидат мекунад.

Гадоев Шерали Давлатович - номзади илмҳои география, дотсент зимни ироаи маърӯза дар мавзуи  «Таъсири гармшавии иқлим ба муҳити зисти пиряхҳои Осиёи Миёна» паёмадҳои гармшавии глобалӣ ба пиряхҳои минтақаи Осиёи Миёнаро таҳлил намуданд. Маърӯзачӣ бо такя ба мушоҳидаҳои илмӣ равшан сохт, ки хурдшавии пиряхҳо ба масъалаҳои таъминоти об, экосистемаҳо ва амнияти экологӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Ҳисайнов Далер Эмомович-номзади илмҳои биологӣ, муаллими калони кафедраи биологияи донишгоҳ доир ба «Мушкилоти экологӣ, сабаб ва оқибатҳои фоҷиабори он ба ҳаёти инсон» маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуда, ба масъалаҳои экологияи инсон таваҷҷуҳ намуда, таъсири ифлосшавии муҳити зист ба саломатии аҳолиро таҳлил кард. Дар маърӯза омилҳои биологӣ, таъсири моддаҳои зараровар, вазъи ҳаво, об ва хок мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.

Ҳамчунин  Намозов Амирчоло Каримхонович - номзади илмҳои кишоварзӣ, муаллими калони кафедраи биология дар масъалаи «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ» баромад намуда, ба сиёсати экологии кишвар, иштироки Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии ҳифзи муҳити зист ва нақши барномаҳои давлатӣ дар коҳиши хатарҳои экологӣ маълумоти ҷолиби диққат пешниҳод намуданд. Дар  ин баробар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим муҳим арзёбӣ намуд.

Дар бахши музокира дотсент Холиқов Сафар баромад намуда доир ба масоили баррасишуда ибрози назар намуд.

Дар маҷмуъ баромадкунандагон таъкид доштанд, ки баррасии масъалаҳои муҳими экологӣ ва иқтисоди сабз барои рушди устувори кишвар аҳамияти калон дорад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!