,
Чоршанбе, 26-ноябр
Татбиқи усулҳои фаъоли таълим, ҷалби донишҷӯён ба раванди амалии омӯзиш, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва эҷоди муҳити мусоиди таълимӣ аз ҷузъҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи малакаҳои касбии донишҷӯён маҳсуб меёбанд.
Дар ҳамин замина, имрӯз, 24.11.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ, дарси намунавии номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷик Мирзоева Моҳтовбӣ аз фанни методикаи таълими адабиёти тоҷик дар гурӯҳҳои таълимии 301, 302 ва 305 дар мавзуи “Моҳият ва хусусиятҳои мавзуъҳои обзорӣ” доир гардид.
Мирзоева Моҳтовбӣ дар оғози машғулият ҳадаф ва вазифаҳои асосии дарсро тавзеҳ дода, моҳияти мавзуъро бо мисолҳои равшан шарҳ дод. Зикр гардид, ки мавзуъҳои обзорӣ ё баррасишаванда мавзуъҳое мебошанд, ки дар онҳо маълумот ҷамъбаст, муқоиса, таҳлил ва шарҳи умумӣ ироа мешавад. Ҳадаф пешниҳоди тасаввури васеъ дар бораи як падида, китоб, филм, мақола, раванд ё соҳа мебошад. Обзор одатан на рефлексияи шахсӣ, балки таҳлили асоснок бо такя ба далелҳо аст.
Дар охир миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт, ҳозирин бошад аз рафти дарс мушоҳидаҳои худро баён намуда, ба дарс баҳои хуб доданд.