,
Чоршанбе, 26-ноябр
Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Чорабинӣ бо роҳпаймоии идонаи кормандони муассисаҳои шаҳр, идораҳои давлатӣ ва сокинони фаъол оғоз ёфта, фазои идонаи шаҳрро ҳусни тоза бахшид.
Дар роҳпаймоӣ ҳайати сершумори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ иштироки фаъолона намуданд. Донишҷӯён ва устодон бо ифтихор Парчами давлатии кишварро барафрохта, баёни эҳтиром ва садоқати худро нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ таҷассум карданд.
Баргузории чунин чорабинӣ бори дигар нақши Парчами давлатии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва давлатдории муосир таъкид намуда, дар қалби ҳар як иштирокчӣ эҳсоси ифтихору ватандӯстро қавитар гардонид.