, Чоршанбе, 26-ноябр

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН


ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН

Парчами давлатӣ барои ҳар миллати соҳибтамаддун на танҳо як матои ранга, балки рамзи ҳастӣ, китоби таърих ва нишонаи ормонҳои миллӣ мебошад. Барои миллати тоҷик бошад, Парчами давлатӣ посдори арзишҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ, рамзи давлатдории навин ва таҷассумгари орзуву ормонҳои насли муосир аст. Ҳар вақте ки Парчами Тоҷикистон дар осмон парафшон мешавад, эҳсоси ифтихор, ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандӣ дар вуҷуди ҳар як фарди тоҷик бедор мегардад.

Парчами миллӣ достони миллатеро нақл мекунад, ки аз марҳалаҳои таърихӣ гузашта, барои соҳибистиқлолӣ мубориза бурдааст. Он рамзи давлатдории тоҷикон аст, ки бо ҷоннисорӣ, матонат ва азму иродаи халқ дар солҳои пурошӯб бунёд гардидааст. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номи Ватанро ифтихормандона муаррифӣ мекунад ва собит месозад, ки миллати тоҷик бо таърих, фарҳанг ва арзишҳои бостонии худ роҳи мустақили рушди худро муайян кардааст.

«Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!»-ин на танҳо як ҷумлаи эҳсосӣ, балки нияти созандагӣ, ваъда ба Ватан ва тасдиқи масъулият дар назди давлат аст. Парчам парафшон мемонад, вақте ҷавонони кишвар бо дониш, ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва меҳнати ҳалолу созанда ҷомеаро ба пеш мебаранд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати қабули рамзҳои миллӣ, ки ҳувияти давлатдории навро ифода кунанд, ба миён омад. 24 ноябри соли 1992, дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин қарор дар шароити бисёр мушкили сиёсиву иҷтимоӣ арзиши таърихӣ дошт. Қабули Парчам рамзи субот, пойдорӣ, иттиҳоди миллӣ ва оғози марҳилаи нави давлатдории соҳибистиқлол гардид.

Аз ин рӯ, 24 ноябр дар тақвими миллӣ ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ сабт шуда, яке аз муҳимтарин санаҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Парчам танҳо дар рӯзҳои ид парафшон намешавад, балки ҳар рӯз ба мо ёдрас мекунад, ки мо соҳибдавлатем, барои сулҳ ва ваҳдат чӣ қадар заҳмат кашида шудааст ва имрӯз рисолати ҳар шахси бошарафи тоҷик муҳофизат ва рушд додани Ватан аст. Парчам дар маросимҳои давлатӣ, илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Эҳтиром ба парчам-нишони маданияти шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ягонагӣ, истиқлол, ваҳдат ва ифтихори миллӣ буда, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст онро бо эҳтиром нигаҳ дорад. Огоҳӣ аз таърихи парчам, шинохти рамзҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо ҳисси масъулият, худшиносӣ ва ватандӯстиро дар ҷавонон боз ҳам таҳким мебахшад.

Пас бигзор парчами Тоҷикистон ҳамеша барафрохта, устувор ва парафшон бошад!

Раҳматова Раҳиёнгул, муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!