, Якшанбе, 22-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПЕДАГОГИКАИ ТОМАКТАБӢ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПЕДАГОГИКАИ ТОМАКТАБӢ”

18 ноябри соли 2026, маҳфили навбатии “Педагогикаи томактабӣ” -и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.

Маҳфилро роҳбари маҳфил оғоз намуда, оид ба аҳамияти таҳсилоти томактабӣ дар низоми маориф ва зарурати омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин самт ибрози андеша кард.

Нахуст, Бегмуродзода Ҳанифамоҳ, донишҷӯи курси якуми ихтисоси “Таҳсилоти томактабӣ”, дар мавзуи “Мақсад ва вазифаҳои таҳсилот ва тарбияи томактабӣ” маърӯза намуд. Сипас, Устопирова Шабнам, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси “Логопедия”, дар мавзуи “Пешрафти тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо муҳокимаи мавзуъҳо сурат гирифта, аъзои маҳфил дар мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд. Иштирокдорон андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас гирифтанд.




Ба рӯйхат