,
Якшанбе, 22-ноябр
Санаи 18.11.2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ташаккул ва таҳаввули таълимоти нави илмӣ-фалсафӣ дар шароити муосири Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи фалсафаи донишгоҳ ташкил гардида, ба баррасии масъалаҳои муҳимми илми фалсафа, нақши он дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури инсонӣ ва дарки равандҳои мураккаби ҷомеаи муосир бахшида шуд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Камолзода Шодмон суханронӣ намуда, доир ба мақому манзалати фалсафа дар ҳаёти ҷомеа ва аҳамияти он дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ибрози андеша кард. Таъкид гардид, ки фалсафа ҳамчун шакли муҳими маърифати инсонӣ дар дарки воқеият, ташаккули андешаи мустақилона ва муайян намудани арзишҳои маънавию ахлоқӣ нақши муассир дорад.
Дар идома доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Маҳмадулло дар мавзуи “Аҳамияти тафаккури фалсафӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” маърӯза намуда, нақши тафаккури фалсафиро дар дарки равандҳои ҷаҳонишавӣ, таҳлили тағйироти иҷтимоӣ ва ташаккули мавқеи мустақилонаи инсон баррасӣ кард.
Сипас, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фалсафа Ҳасанов Муҳаммадсаид дар мавзуи “Нақш ва аҳамияти фалсафа дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккури инсон ва рушди ҷомеаи муосир”, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фалсафа Зайналов Қурбон дар мавзуи “Пешвои миллат ва нақши он дар ташаккули донишҳои фалсафӣ”, ассистенти кафедра Шокирзода Аёз дар мавзуи “Тасаввуроти нодуруст ва ғайримантиқӣ дар бораи ҷаҳонбинии фалсафӣ” суханронӣ намуданд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо музокирот сурат гирифта, устодону донишҷӯён ва дигар иштирокдорон доир ба мавзуъҳои баррасишуда андешаҳои худро баён карданд. Зимни мубодилаи афкор аҳамияти омӯзиши фалсафа дар шароити муосир, нақши он дар ташаккули тафаккури солим ва баланд бардоштани маърифати иҷтимоиву маънавии ҷомеа таъкид гардид.