, Якшанбе, 22-ноябр

БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ


БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Парчам-рамзи давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда, атрофи аҳаммияти Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таърихи он ва нақши парчам дар таҳкими худшиносиву ҳувияти миллӣ табодули афкор намуданд.




Ба рӯйхат