,
Якшанбе, 22-ноябр
Дар факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Географ-сайёҳони ҷавон» бо иштироки омӯзгорон ва аъзои маҳфил баргузор гардид. Дар маҳфил дар мавзуи «Хусусиятҳои гидрографии вилояти Хатлон» мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон оид ба захираҳои обӣ, дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва аҳаммияти онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа андешаронӣ намуданд. Ҳамзамон, хусусиятҳои ҷуғрофии шабакаи обии вилояти Хатлон, нақши захираҳои гидрографӣ дар рушди кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки омӯзиши хусусиятҳои гидрографии минтақа барои баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии ҷуғрофии онҳо аҳаммияти муҳим дорад.