,
Якшанбе, 22-ноябр
Имрӯз, 18 ноябри соли 2026, дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар маҳфил донишҷӯи бахши чоруми ихтисоси “Аудит ва ревизия” Амирҷони Файз дар мавзуи “Асосҳои назариявии ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамикунонӣ”, таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Иброҳимзода О.Ю. маърӯза пешниҳод намуда, дар он масъалаҳои назариявии ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамикунонии соҳаи иқтисодиёт баррасӣ шуданд.
Дар идомаи маҳфил иштирокдорон доир ба мавзуи пешниҳодшуда мубодилаи афкор намуданд.
Маҳфили мазкур бо мақсади тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён, рушди тафаккури илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши масъалаҳои мубрами соҳаи иқтисодиёт баргузор гардид.