, Якшанбе, 22-ноябр

МИЗИ МУДАВВАР: БАРТАРИЯТ ВА КАМБУДИҲОИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ АМАЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР НИЗОМИ ТАЪЛИМИ БОСАЛОҲИЯТ


МИЗИ МУДАВВАР: БАРТАРИЯТ ВА КАМБУДИҲОИ ФАННИ ТЕХНОЛОГИЯИ АМАЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР НИЗОМИ ТАЪЛИМИ БОСАЛОҲИЯТ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо дар мавзуи «Бартарият ва камбудиҳои фанни технологияҳои амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар низоми таълими босалоҳият» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, мудири кафедра, дотсент Ҷурахонзода Гулру суханронӣ намуда, оид ба аҳаммияти мавзуи баррасишаванда ва зарурати омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни таълими фанни мазкур дар низоми босалоҳият ибрози назар кард.

Сипас, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо Ҷураев Бобохон дар мавзуи «Гузариш аз низоми анъанавии таълим ба муносибати босалоҳият ва тафовути он аз дигар равишҳои таълим», номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мирзоева Бунафша дар мавзуи «Нақш, мақом ва хусусиятҳои хоси таълими босалоҳият» ва муаллими калони кафедраи мазкур Пулодов Амирҳамза дар мавзуи «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар тарбияи оилавӣ» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар идомаи мизи мудаввар иштирокдорон атрофи масъалаҳои баррасишуда табодули афкор намуда, андеша ва пешниҳодҳои худро баён карданд. Ҳамчунин, доир ба роҳҳои такмили раванди таълими фанни технологияҳои амалӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аҳаммияти истифодаи усулҳои муосири таълим ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар тарбияи насли наврас мубодилаи афкор сурат гирифт.




Ба рӯйхат