,
Якшанбе, 22-ноябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии информатика ва технологияҳои иттилоотӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Иттилооткунонии ҷомеа ва рушди таҳсилоти муттасил» баргузор гардид. Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Конференсияро муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Аюбзода Сафар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, зимни суханронӣ оид ба аҳаммияти рақамикунонии соҳаи маориф, татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар раванди таълим ва нақши онҳо дар рушди таҳсилоти муттасил ибрози назар кард.
Сипас, тибқи барномаи конференсия, маърӯзаҳои илмии иштирокдорон шунида шуданд. Аз ҷумла:
Пас аз шунидани маърӯзаҳо бахши музокирот баргузор гардид. Иштирокдорон атрофи паҳлуҳои гуногуни татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми таҳсилот, роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди малакаҳои касбии донишҷӯён табодули афкор намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас гирифтанд.