, Якшанбе, 22-ноябр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ


БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

Санаи 18 ноябри соли 2026, дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии муаллими калони кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо Анварзода Диловар баргузор гардид.

Дарси намунавӣ дар гурӯҳи таълимии 105-и ихтисоси “Таҳсилоти ибтидоӣ” аз фанни “Асосҳои математикаи мактабӣ” дар мавзуи “Ҳалли масъалаҳо оид ба масоҳати шаклҳо” ташкил ва гузаронида шуд. Дар он омӯзгорони кафедраи мазкур ва дигар хоҳишмандону меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.

Муаллим дарсро бо истифода аз усулҳои муосири таълим, маводи аёнӣ ва воситаҳои техникии таълим ба роҳ монда, таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба мазмуну муҳтавои мавзуъ ҷалб намуд. Зимни шарҳи мавзуъ усулҳои гуногуни ҳалли масъалаҳои марбут ба муайян намудани масоҳати шаклҳои геометрӣ бо мисолҳои мушаххас тавзеҳ дода шуданд.

Дар ҷараёни дарс омӯзгор аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурда, донишҷӯёнро ба фаъолияти мустақилона ва гурӯҳӣ ҷалб намуд. Донишҷӯён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, супоришҳои амалӣ ва масъалаҳои пешниҳодшударо иҷро карданд, роҳҳои ҳалли онҳоро шарҳ доданд ва дар муҳокимаи мавзуъ фаъолона иштирок намуданд.

Пас аз анҷоми дарс иштирокдорон раванди машғулият ва маҳорати касбиву педагогии муаллимро мавриди таҳлил қарор доданд. Зимни муҳокима сатҳи омодагии омӯзгор, истифодаи мақсадноки усулҳои таълим, ҷалби фаъоли донишҷӯён ва робитаи назария бо амалия мусбат арзёбӣ гардид.




Ба рӯйхат