,
Якшанбе, 22-ноябр
Таърихи 18 ноябри соли 2026 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пайдоиш ва рушди назарияи ҳисобкуниҳои дифференсиалию интегралӣ дар ҷаҳони муосир” баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва бахшида ба “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон гардидани соли 2026 баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои муҳимми илми математика ва рушди назарияву усулҳои ҳисобкуниҳои дифференсиалию интегралӣ бахшида шуд.
Нахуст, профессори кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шамсидиниён Ф. дар мавзуи “Интегральные представления решений переопределённой системы с одной внутренней сингулярной линией” маърӯза намуд.
Сипас, номзади илмҳои физикаю математика, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Каримова Назокат дар мавзуи «On a loaded degenerate differential equation with integral conditions” баромад карда, масъалаҳои марбут ба муодилаҳои дифференсиалии таназзулёфта ва шартҳои интегралиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин, муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Ниёззода Шокир дар мавзуи “Татбиқи усули фарқиятҳои ниҳоӣ дар моделсозии математикии равандҳои ғайрихатии гармигузаронӣ” маърӯза пешниҳод намуд.
Дар идомаи ҳамоиш миёни иштирокдорон музокирот сурат гирифта, масъалаҳои пешниҳодшуда мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокдорон доир ба аҳамияти таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи математика, истифодаи усулҳои муосири ҳисоббарорӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ табодули назар намуданд.