, Якшанбе, 22-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар маҳфил декани факултет, дотсент Зулфиқорзода Муҳаммад, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзуллохуҷа, инчунин омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултет, дотсент Зулфиқорзода Муҳаммад суханронӣ намуда, оид ба аҳаммияти баргузории маҳфилҳои илмӣ ва муҳиммияти мавзуъҳои баррасишаванда ибрози назар кард.

Сипас, донишҷӯи курси сеюм Абайдуллоева Фариштамо дар мавзуи «Забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар муҳити бисёрзабонии рақамӣ: мушкилоти ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ» ва донишҷӯи курси чорум Катахонова Савсан дар мавзуи «Нақши адабиёти муосир ва журналистикаи рақамӣ дар ташаккули ҳувияти миллии ҷавонон» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар фарҷоми маҳфил миёни омӯзгорону донишҷӯён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Муҳокимаи озод ба маҳфил фазои илмӣ ва созанда бахшида, барои табодули андеша ва густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён мусоидат намуд.




Ба рӯйхат