,
Сешанбе, 19-август
Дар ҷануби Тоҷикистон, дар яке аз шаҳрҳои қадимтарини он- Кӯлоби бостонӣ, муассисаи бонуфузи таълимие бо номи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дорад, ки дар тули ҳаштод соли охир яке аз парчамбардорони илму маърифат мебошад. Дар тули ин солҳо ин муассисаи таълимӣ дар тайёр намудани ҳазорон ҳазор мутахассисони соҳаи илму маориф ва дигар самтҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон саҳми босазои худро гузошта, барои манфиати миллату давлат хизматҳои шоён ба анҷом дода истодаанд. Ногуфта намонад, ки ин боргоҳи илму дониш бо тавассути устодони заҳматқарин ва олимони масъулиятшинос чароғи маърифатро дар дилу зеҳни ҳазорон насли ҷавонону умедбахш доимо фурӯзон нигоҳ дошта истодаанд.
Замон зикр кардан лозим аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли 1945 то имрӯз ба як пояи устувори илму дониш дар минтақа ва берун аз он табдил ёфтааст.
Таъсиси донишгоҳ дар замоне сурат гирифт, ки тамоми ҷумҳурӣ аз мушкилоти баъди ҶБВ ва эҳтиёҷи шадиди кадрҳои соҳибмаърифат ранҷ мекашид. Дар солҳои аввали фаъолият, муассиса танҳо чанд шуъбаи омӯзгорӣ дошт ва дар биноҳои кӯҳнаи таълимӣ дарс мегузаронд. Аммо бо сайъу кушиши роҳбарону устодони ин муассисаи таълими ва иқдомҳои давлату ҳукумат, пояҳои ин маркази илмӣ сол ба сол қавитар гардиданд.
Дар солҳои 60–70-уми асри гузашта, ки донишгоҳ бо номи Институти давлатии педагогии Кӯлоб маъруф буд, дар он факултетҳои нав кушода шуданд. Дар ин боргоҳи илму дониш алаккай дар он замон заминаҳои илмӣ-техникӣ таҳким дода шуда, он ба яке аз марказҳои калидии тайёр намудани омӯзгорон барои миллати тоҷик табдил ёфт.
Боиси хушнудии мо маорифчиён аст, ки дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо сайъу талошҳои пайвастаи давлату Ҳукумати бо сарварии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, барои такмилу нуфузи муассисаҳои таълимӣ дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат равона карда шуда буд. Дар ин замина баробари дигар муассисаҳои олии касбӣ барои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ марҳалаи дигаргунсозиҳои куллӣ оғоз гардид. Дар баробари табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сохтори факултетҳо навсозӣ шуд, ихтисосҳои замонавӣ ворид гардиданд ва робитаҳои байналмилалӣ дар самти таълиму тарбия ва илм рушд кард.
Дар тӯли 80 соли фаъолияти пурбаракат, беш аз 35 ҳазор мутахассиси дорои маълумоти олӣ ин даргоҳи маърифатро хатм намудаанд. Хушбахтона, аксари онҳо имрӯз дар тамоми гӯшаҳои кишвар аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сар карда то муассисаҳои давлатӣ ва бахшҳои муҳими илму маориф, сиёсат ва ҳукумату давлат сарбаландона хизмат карда истодаанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки аз зумраи шахсиятҳои номдор ва соҳибэҳтиром ҳазорон олимону омӯзгорони варзида, фарҳангшиносону адибон, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, иқтисоддонҳо ҳамчунин кормандони баландпояи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ хатмкардагони ин муассисаи бонуфузи илмӣ-таълимӣ мебошанд.
Дар айни замон Донишгоҳ рӯз ба рӯз бо тақозои замон дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Пешаои маҳбуби миллат бо комёбиҳои нав ба нав ноил гардида истодаст. Дар ин замина, роҳбарияти Донишгоҳ тамоми кушишу ғайрати худро барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз донишгоҳҳои бонуфузи мамлакат бо анҷом додани иқдомҳои зайл равона намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти беҳбудии шароити иҷтимоии ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса баланд бардоштани музди маоши кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсус ба андозаи 10%; дастгирии маблағгузории иловагӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 7000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20000 сомонӣ бо ҳадафи ҳавасмандгардонии муҳаққиқон; тармиму таҷдиди биноҳои таълимӣ ва таҷҳизонидани синфхонаҳо бо воситаҳои техникии муосир; сохтмони иншооти нав барои густариши имконоти таълимӣ ва иҷтимоии донишҷӯён; ободсозии ҳудуди донишгоҳ бо ниҳолшинонӣ, чароғонкунӣ ва зебосозии муҳит ва ғ..
Бо сайъу талоши роҳбарияти Донишгоҳ ва омӯзгорони варзидаву соҳибтаҷриба ҳамасола донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида истодаанлд. Онҳо бо зеҳни қавӣ, дониши амиқ завқи баланду нерӯи эҷодӣ муарификунандаи насли нави Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб танҳо як санаи одии таърихӣ нест, балки арҷгузорӣ ба кору заҳмати ҳазорон шахсиятҳои номдор, олимони варзида устодони собиқадори соҳаи илму таълим, кормандони бовиҷдон мебошад, ки дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни илму дониш ва дигар самтҳои хоҷагии халқ саҳми босазои худро гузоштаанд.
Бо итминони комил метавон изҳор дошт, ки дар арафаи таҷлили 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар такя ба таҷрибаи гузашта ва нигоҳ ба ояндаи дурахшон Донишгоҳ қадамҳои устувор ба сӯи марҳалаи нав мегузорад- марҳалае, ки дар он дониш, тадқиқоти илмӣ-инноватсиёнӣ ва дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ мавқеи хоса хоҳад дошт.
Алишери АБДУЛМАҶИД- дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ