,
Сешанбе, 19-август
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро дар ҳар мулоқоту суханрониҳояшон бо ихлосмандӣ қадршиносӣ намуда, таъкид доштаанд, ки «Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд».
Воқеан ҳам, омӯзгор чароғест, ки баҳри равшании дигарон тамоми неру ва тавонмадии худро сарф менамояд. Аз ин аст, ки омӯзгорро «муҳандис»-и руҳи инсон номидаанд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун махзани илму дониш дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, махсусан дар соҳаи маориф нақши бориз дорад. Ин даргоҳи муқаддасро ҳазорҳо ҳазор мутахассисоон хатм кардаанд, ки хизмати онҳо дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар расидааст ва расида истодааст.
Қаҳрамони мо аз зумраи ана ҳамон хатмкунандагоне мебошад, ки кайҳо боз бо хизмати шоиставу дили пок сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гашта, тамоми умри худро баҳри таълиму тарбияи насли ҷавон сарф кардааст. Ин марди шариф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Икромов Искандар мебошад. Мавсуф соли 1943 дар деҳаи зебоманзари Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷик ва таърихи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) мебошанд.
Аз соли 1980 то 1992 ба ҳайси дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кор кардааст. Доир ба мавзуи «Абулфараҷи Рунӣ ва баъзе масъалаҳои сабки ироқӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик» соли 1980 рисолаи номзадӣ ва соли 1992 дар мавзуи «Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри қасида» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Таълифоти илмии Икромов Искандар аз 6 монография ва зиёдаз аз 200 мақолаҳои илмию методӣ ва тақризу мақолаҳои илмӣ-оммавӣ иборатанд.
Аз шиносоӣ бо ин устоди гиромӣ дарёфтам, ки кас метавонад, танҳо тавассути илму дониш, меҳнат ва садоқату вафодорӣ ба касби интихобкардааш ба қуллаҳои мурод мерасад. Солҳои донишҷӯӣ (1985-1990) мо ба устоди худ бо ҳасрат менигаристем ва ба донишу маҳорат ва истеъдоди ӯ аҳсант мехондем. Устод соли аввали таҳсил аз фанни «Таърихи адабиёти тоҷик» (давраи қадим)ба мо дарс медоданд. Устод шахси донишманд, сахтгиру серталаб ва дар айни замон хеле мушфиқу меҳрубон мебошад. Дарсҳои устод шавқовар ва хотирмон мегузаштанд. Ӯ пайваста кӯшиш мекард, ки моҳияти асосии мавзуи дарсро ба шогирдон ба таври сода, аммо хеле дилчасп фаҳмонанд. Устод бо усули махсуси худ дарс мегузаштанд ва дар мавзуи баррасишаванда шавқманд буданд. Имрӯз ба мақоми омӯзгорӣ расидем, албатта, ҳамон усулҳои хоссае, ки устод ба мо дарс мегуфтанд, ба он пайравем.
Алҳол бо шогирдонаш ба таҳқиқи доираи адабии роғи охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ машғул аст. Устоди мо дар ҳама гуна чорабиниҳои кафедраю факултет, умумидонишгоҳӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок мекарду барои беҳбудии кори таълиму тарбияи донишҷӯён таклифҳои судманд пешниҳод менамуд.
Воқеан, устод бо меҳнати ҳалолу дилу нияти пок ва заҳмати шабонарӯзӣ соҳибэҳтирому гули сари сабади маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ ва коллективи устодону омӯзгорон ва шогирдон гаштаанд.
Имрӯз, ки дар арафаи таҷилили 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб қарор дорем, ёдовар шудан аз сарсупурдагони роҳи илму дониш, аз ҷумла профессор Икромов Искандар, ки як қисми умри бобаракати худро дар ин боргоҳи илму адаб сарф кардаанд, боиси ифтихор мебошад.
Бо истифода аз ин имкон ба устоди азиз,пеш аз ҳама саломатӣ, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кори пурзаҳмату боифтихори таълиму тарбияи насли ҷавон ва тайёр намудани мутахассисон комёбиҳои беназирро орзумандем.
Одинаева Гулбону, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Рӯзномаи "Анвори дониш" №4 (358), аз 10.04.2025