, Сешанбе, 19-август

СИТОРАИ МАЪРИФАТ ВА ПАРЧАМДОРИ ИЛМУ ФАРҲАНГ


СИТОРАИ МАЪРИФАТ ВА ПАРЧАМДОРИ ИЛМУ ФАРҲАНГ

(Ба эҳтироми фаъолияти густурда ва шахсияти арзанда, бонуи донишманд- Худойдодова Шарофат Зардовна!)

Дар ҳар давру замон шахсиятҳое ҳастанд, ки бо ҳузури худ дар ҷомеа на танҳо як соҳаро рушд медиҳанд, балки рӯҳияи умумии маърифатро боло мебаранд. Онҳо мисли чароғи равшан дар шаби тира роҳнамоӣ мекунанд, насли навро ба роҳи дурусти дониш, хирад ва садоқат мебаранд. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷаста дар фазои илму фарҳанги муосири тоҷик Худойдодова Шарофат Зардовна мебошад.

26 апрели соли 1967 дар шаҳри бостонии Кӯлоб, ки аз қадим гаҳвораи дониш ва маърифат буд, дар хонадони зиёӣ тифле ба дунё омад, ки баъдтар ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи илм ва фарҳанг табдил ёфт. Ин чеҳраи муваффақ ва бонуи иззатманд аз овони кӯдакӣ бо муҳаббати беандоза ба китоб, сухан ва забон тарбия ёфт. Омӯзишро дар мактаби миёнаи №9-и шаҳри Кӯлоб (1974–1984) оғоз намуда, аллакай дар он айём аз худ истеъдоди хос дар сухан, навишт ва таҳлил нишон медод.

Соли 1984 роҳи ӯ ба Институти давлатии педагогии Кӯлоб кушода шуд. Дар ин боргоҳи маърифат ӯ факултаи забон ва адабиёти русро хатм кард (1989) ва баъдан таҳсилашро дар факултаи забон ва адабиёти тоҷик идома дод (1995).

Аз соли 1989 то имрӯз фаъолияти илмиву педагогии ӯ ба таври пайваста идома дорад. Ӯ аввал омӯзгор ва муаллими калони кафедраи забони русии факултети филологияи рус буд. Бо гузашти вақт, истеъдод, дониш ва масъулиятшиносӣ ӯро ба вазифаҳои гуногун-мудири кафедра, муҳаррири рӯзнома, декани факултети филологияи хориҷӣ, котиби Шурои олимон ва ниҳоят муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ расонд.

Дар тӯли фаъолияти худ, Шарофат Зардовна роҳбарии чандин сохторҳои калидии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз кафедраҳои муҳими филология то бахшҳои робитаҳои байналмилалиро ба зимма дошт.

Фаъолияти илмии ӯ намунаи аълои муттаҳидсозии таҳқиқоти назариявӣ ва таҷрибаи амалист. Рисолаи номзадии ӯ «Таҳлили таркибӣ-маъноии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)», (Душанбе, 2010) нахустин пажӯҳиши мукаммал дар ин соҳа ба ҳисоб меравад. Ин таҳқиқот на танҳо холигоҳҳои илми тоҷикро дар самти журналистикаи рекламавӣ пур кард, балки роҳнамои муҳаққиқони оянда шуд.

Имрӯз Шарофат Зардовна на танҳо муҳаққиқ, балки мураббии содиқу меҳрубони насли ҷавон аст. Фанҳои «Асосҳои реклама ва паблик», «Назарияи тарҷума» ва «Тарҷумаи матни публисистӣ»-ро бо шевоию равонӣ дарс медиҳад, донишҷӯёнро на танҳо ба хондани китоб, балки ба таҳлил, эҷод ва мустақилфикрӣ ташвиқ мекунад.

Ҳамзамон, ӯ дар таҳия ва пахши рекламаҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ фаъолона ширкат мекунад, мақолаҳои илмӣ ва публисистии худро дар матбуоти ҷумҳурӣ ва берун аз он ба интишор медиҳад, корҳои илмии донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавонро роҳнамоӣ мекунад.

Заҳмату талошҳои пайвастаи Шарофат Зардовна дар роҳи таълиму тадрис, таҳқиқу пажуҳиш бо Нишноҳои «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2012), «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» (2013), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2014), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2014), Медали «Хизмати шоиста» (2015), Медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2020) ва сипосномаву ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсати донишгоҳ қадр карда шудаанд. Ин ҳама нишонаҳо рамзи он меҳру садоқатест, ки ӯ ба илму фарҳанг ва ҷомеа нисор кардааст.

Мавқеъ ва ҷойгоҳи ӯ дар миёни ҳамкорон ва меҳру садоқаташ дар қалби шогирдон беназир аст. «Ӯ на танҳо омӯзгор, балки мактаби зиндаи ахлоқ ва фарҳанг аст»-мегӯяд шогирдаш Ғанизода Савина. «Аз ҳар дарси ӯ илҳом мегирем, зеро ҳар каломаш андеша ва муҳаббатро дар бар мегирад»-эътироф мекунад собиқ донишҷӯяш Нурматова З.Ш. «Ӯ инсонест, ки дар ҳар қадами ҳаёт ва фаъолияти худ поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба инсонро ба намоиш мегузорад» - қайд кард ҳамкасбу ҳамкораш Муродов Р.Н.

Имрӯз, дар симати дотсенти кафедраи журналистика, ӯ бо ҷаҳонбинии васеъ, суханварии воло ва фарҳанги баланди худ на танҳо мақоми донишгоҳ, балки симои илмиву фарҳангии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Ҳамзамон, тавассути фаъолияти омӯзгориву илмии худ саҳми назаррас дар тарбияи олимони ҷавон, рушди тафаккури таҳлилӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати касбии шогирдон мегузорад. Самти кори кафедра, ки ба омода намудани мутахассисони соҳибмаҳорат дар соҳаи журналистика равона шудааст, бо роҳнамоӣ ва дастгирии ӯ мазмуну мундариҷаи тоза гирифта, ба як мактаби воқеии тарбияи кадрҳои арзанда табдил ёфтааст.

Шарофат Худойдодова рамзи устувории занони тоҷик дар роҳи илм, намунаи садоқат ба касбу миллат ва оинаи равшани маърифат аст. Ҳар саҳифаи фаъолияти ӯ саҳифае аз таърихи зиндаи хидмат ба Ватан мебошад.

Ӯ зани замони мост, ки бо қалам ва дониш дар ҷомеа рӯшноӣ меафрӯзад.

Шарифзода Одинамо Пирназар- дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_5me1tapvhuj5c93kjd3n74gg8o in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_5me1tapvhuj5c93kjd3n74gg8o): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_8t1i6sb1uapot18kvt2hgdup4c in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_8t1i6sb1uapot18kvt2hgdup4c): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_9afkqkahjrteuevjsk4vkiicib in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_9afkqkahjrteuevjsk4vkiicib): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274