, Сешанбе, 19-август

АВВАЛИН ДОКТОРИ ИЛМ ДАР СОҲАИ ТАҲЛИЛИ МАТЕМАТИКА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ


АВВАЛИН ДОКТОРИ ИЛМ ДАР СОҲАИ ТАҲЛИЛИ МАТЕМАТИКА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

(Бахшида ба 85-солагии омӯзгори намоён, методисти барҷаста, доктори илмҳои физика-математика, профессор Акбаров Раҳмат)

Дар байни донишмандони соҳаи таҳлили математика дар охирҳои асри XX Акбаров Раҳмат ҷои сазоворро муносиб аст. Ӯ баъди хатми омӯзишгоҳи педагогии ш.Кӯлоб (1957) таҳсилро дар ДДК (1957-1962) идома дод. Зарур аст, ки чанд сатр дар ин бора сабт карда шавад. Акбаров дар ин боргоҳи маърифат аз омӯзгор сар карда ба ҳамаи дараҷаҳои илмӣ ва роҳбарӣ–муаллими калон, номзади илм (1980), дотсент (1988), мудири кафедраҳои математикаи олӣ ва таҳлилӣ математика (1982-1998), декани факултети математика (1998-2004), профессор ва мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо (2004-2012), доктор (2009) соҳиб гаштааст. Баъди таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Белорусия дар шаҳри Минск бо роҳбарии доктори илимҳои физика ва математика, профессор Эдмунд Иванович Зверович дар мавзуи «Масъалаҳои канории хаттии масоили функсияҳои аналитикӣ бо қисмҳои асосии додашуда» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Минбаъд ӯ тадқиқи ин проблемаро идома дод. Раҳмат Акбаров аввалин шуда дар таърихи коркарди масъалаҳои канории назарияи функсияҳои аналитикӣ комилан ва мустаҳкам ворид гаштааст.

Хусусияти асосии корҳои илмии Раҳмат Акбаров дар соҳаи таҳлили математика аз он иборат аст, ки ҳамаи онҳо ба масъалаи дар боло зикршуда нигаронида шудаанд. Арзиши эҷодиёти илмии ӯ низ дар ҳамин ифода меёбад.

Раҳмат Акбаров доир ба проблемаи таҳқиқ намудааш зиёда аз 120 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ (Белорусия, Русия, ИМА ва ғ.) нашр намудааст. Соли 2006 ӯ монографияро бо унвони «Масъалаҳои канории назарияи функсияҳои аналитикии бо қисмҳои асосӣ додашуда ва муодилаҳои интегралии махсуси ба онҳо мувофиқ» (Душанбе: Дониш, 2006) ба забони русӣ нашр намуд.

Рисолаи доктории Акбар Раҳматов «Масъалаҳои канории масоили функсияҳои аналитикӣ бо сарбории аъзоҳои озод ва шартҳои иловагии моментҳо», ки онро соли 2009 ҳимоя намудааст, натиҷаҳои муҳимми дар ин соҳа ба даст овардаашро дарбар мегирад. Ва бо ин комёбии илмиаш Раҳмат Акбаров муайян намуд, ки ӯ аввалин доктори соҳаи таҳлили математика дар ДДК ҳисоб меёбад.

Раҳмат Акбаров омӯзгори намоён ва методисти барҷаста буд. Саҳми ӯ дар бобати тайёр кардани дастурҳои таълимӣ ва методӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ басо бузург мебошад. Ӯ ҳамчун муаллифи васоити таълимии «Математикаи олӣ» дар чор ҷилд (ҷ.1-2003, ҷ.2-2003, ҷ.3-2004, ҷ.4-2014), китоби дарсии «Алгебра ва ибтидои анализ» барои синфи 10 (бо ҳаммуаллифии И.Fуломов ва дигарон) (Душанбе: ОПЕК, 2005), «Ибтидои таҳлили комплексӣ» (Душанбе, 2014), «Функсияҳои элементарӣ дар ҳамвории комплексӣ» (Душанбе -2013) (бо ҳаммуаллифии А.Ҳ.Табаров ва Н.Каримова ва др.) ба донишҷӯён, мактаббачагон ва омӯзгорони мактабҳои олию миёна муаззам аст.

Саҳми Раҳмат Акбаров дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ бузург аст. Бо роҳбарии ӯ омӯзгорон Н.Каримова, Хидиров Х. соҳиби унвонҳои илмӣ шуданд. Соли 2014 АИИПФР Акбаровро барои эҷодиёти пурмаҳсулаш академик интихоб намуданд, ки ин ифтихори ДДК ҳисоб меёфт.

Раҳмат Акбаров ба математикҳои сермаҳсул ва барҷастаи тоҷик, ки дар асри XXI зиндагӣ ва эҷод мекарданд, дар як қатор меистад.

Ислом Ғуломов-д.и.п., профессор, Ходими шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи нишони нахустини «Профессори ифтихори»-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ

Рӯзномаи “Анвори дониш” №2 (356), аз 21.02.2025




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!