, Сешанбе, 19-август

НУРИ МАЪРИФАТ ДАР ҚАЛБИ КӮЛОБ


НУРИ МАЪРИФАТ ДАР ҚАЛБИ КӮЛОБ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз марказҳои асосии тайёр намудани омӯзгорон ва рушди фарҳангу адаби кишвар ба ҳисоб рафта, ҳазорон нафар дастпарварони он имрӯз дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиамон дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон ва хориҷ аз он фаъолият доранд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Воқеан, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз қабили бонуфузтарин марказҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар тули ҳашт даҳсола ҳамчун макони парвариши дониш ва маърифат барои наслҳои зиёде хизмат намудааст. Ҳадафи асосии ин боргоҳи маърифат тарбияи мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ мебошад, ки нақши калидӣ дар рушди низоми маорифи кишвар доранд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то ба имрӯз, Донишгоҳ рисолати хешро дар самти тайёр намудани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ ва дигар мутахассисон бо масъулияту фидокорӣ ба ҷо овардааст.

Ин муассисаи таълимӣ нақши муҳим дар тақвияти неруи зеҳнии минтақа, бахусус минтақаи Кӯлоб, иҷро намуда, имрӯз низ ҳамчун манбаи асосии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони соҳибихтисос хизмат мекунад. Бо доштани факултетҳо ва равияҳои омӯзгорӣ (аксаран) ва барномаҳои ихтисосии равонашуда, Донишгоҳ имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён дар муҳити илмии мусоид ва зери роҳбарии устодони соҳибтаҷриба малакаҳои касбии омӯзгориро аз худ намоянд.

Имрӯзҳо раёсати Донишгоҳ, дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар раванди омодагӣ ба таҷлили ҷашни 80-солагии таъсиси муассиса, бо руҳияи баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ фаъолияти худро пайгирона ба роҳ мондааст. Ин тадбирҳо на танҳо ҷанбаи рамзӣ доранд, балки ба таҳкими пояҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии Донишгоҳ нигаронда шудаанд, ки нишонаи возеҳи рушд ва истиқлоли муассисаи таълимӣ мебошанд.

Яке аз самтҳои муҳими ин ташаббусҳо ба беҳтар кардани вазъи иҷтимоии ҳайати омӯзгорону кормандон равона шудааст. Бо иқдоми раёсати Донишгоҳ аз оғози соли таҳсили нав музди меҳнати кормандон аз ҳисоби маблағҳои дохилии муассиса дар доираи имконоти мавҷуда зиёд карда мешавад. Ин тасмим, аз як ҷониб, нишонаи ғамхорӣ ба заҳмати омӯзгорон ва аз ҷониби дигар, ангезаи муҳиме барои боло бурдани сатҳи масъулият ва самаранокии фаъолияти онҳо хоҳад буд.

Дар паҳлуи ин иқдом, роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ ба фаъолияти илмӣ низ таваҷҷуҳи махсус пайдо кардааст. Бо назардошти аҳамияти калидии пажӯҳишҳои илмӣ ва рисолатҳои Донишгоҳ ҳамчун маркази илмӣ-таҳқиқотӣ, роҳбарияти муассиса тасмим гирифтааст, ки барои дастгирии муҳаққиқон маблағгузории иловагӣ ҷорӣ намояд. Ин тасмим дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 80-солагӣ ва бо мақсади таҳкими пойгоҳи илмии муассисаи таълимии мазкур андешида шудааст.

Илова бар ин, иқдомоти мазкур танҳо ба самтҳои зикршуда маҳдуд нестанд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни муассиса, корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз ҷумла тармиму таҷдиди иншооти таълимӣ ва дигар корҳои созандагӣ низ дар назар дошта шудаанд. Ин тадбирҳо ба беҳтар шудани муҳити таълимӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён мусоидат хоҳанд кард.

Пас, равшан мегардад, ки нигариши дурбинонаи раёсати Донишгоҳ, ки бар пояи арзишҳои миллӣ ва сиёсати давлатии соҳаи маориф устувор аст, ба равандҳои устувори рушди муассиса дар сатҳи муосир ҷавобгӯй мебошад.

Дар маҷмуъ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шарифтарин рисолати иҷтимоӣ – тарбияи омӯзгорон машғул буда, ҳамчун такягоҳи асосии низоми маорифи кишвар арзи вуҷуд мекунад. Он бо таъмини муҳити омӯзишии созанда, анъана ва навовариҳои устувори таълимӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба сифат, имрӯз ҳам мавқеи муътабари худро нигоҳ дошта, ба ояндаи дурахшони маорифи тоҷик хидмат мекунад.

Шамшоди ҶАМШЕД, дотсенти ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” №: 152, аз 06.08.2025




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!