,
Сешанбе, 19-август
Дар остонаи ҷашни пурифтихори 80-солагии Донишгоҳи азизам, бо эҳсоси гарми фарзандӣ ва сидқи шогирдӣ, хостам ҳарфи муҳаббат ва каломи саодатро дар васфи инсони наҷибу омӯзгори машъалафрӯз- Савронбӣ Раҳимовна-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, баён намоям, ки бо меҳру садоқати бемисл роҳи илму маърифатро равшан месозад.
Инсонҳое ҳастанд, ки тамоми умр бо рисолати бузург - парвариши насл, тарбияи ақлу ахлоқ ва рӯҳу дили инсонҳо, содиқ мемонанд. Онҳо мисли шамъ месӯзанд, роҳи дигаронро равшан мекунанд ва худи худро фидои нуру гармӣ месозанд. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳои фидокор ва матин, устоди арҷманд, ҳамқадаму ҳамнафаси донишгоҳ, зани қавиирода, серталош, зиёии хирадафрӯзу омӯзгори синасӯз- Савронбӣ Раҳимовна, мебошад.
Савронбӣ Раҳимовна беш аз шаст соли умри пурбаракат ва пурмасъулияти худро бидуни хастагӣ дар роҳи таълиму тарбия сарф кардааст. Ин солҳо танҳо нишони таҷрибаи ғанӣ нестанд, балки рамзи садоқат, муҳаббати беандоза ва таъбири бовармандии ӯ ба касби пуршарафи омӯзгорӣ мебошанд. Аз нахустин қадамҳои фаъолияти касбӣ то имрӯз, дар миёни шогирдон ва ҳамкорон, ӯ чун инсоне ростқавл, меҳрубон ва ҳамзамон сахтгир шинохта шудааст.
Ӯ дар вазифаҳои муҳими донишгоҳ, аз ҷумла мудири кафедра, роҳбари таҷрибаомӯзӣ, декани факултети филологияи рус, раиси шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ, бо масъулияти баланд ва дарки амиқи рисолати омӯзгорӣ фаъолият карда, дар ҳар мақом бо хирадмандӣ, диди васеъ ва меҳри самимӣ муҳити созандаву солимро ба вуҷуд овардааст. Савронбӣ Раҳимовна на танҳо омӯзгор, балки худ мактаби бузурги ҳаёт аст, «устоди устодон», ки бо андешаи равшан, дилсӯзӣ ва садоқати бемисл даҳҳо муаллимони варзида ва садҳо шогирдони боистеъдодро ба роҳу равиши дурусти хидмат ба илму маърифат ҳидоят намудааст.
Дар тӯли фаъолияти пурсамари худ ӯ борҳо сазовори сипосномаву ифтихорномаҳои гуногун гардида, бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва медали «Хизмати шоиста» қадршиносӣ гардидааст. Ин ҷоизаҳо нишонаи меҳнати боризи ӯст, аммо бузургтарин мукофот барои устод муҳаббат ва эҳтироми самимии шогирдон мебошад, ки дар дилҳои онҳо то абад боқӣ мемонад.
Савронбӣ Раҳимовна намунаи зиндаи он аст, ки омӯзгор будан танҳо як касб нест, ин рисолат, масъулияти иҷтимоӣ ва муҳаббат ба инсон аст. Меҳри вай ба шогирдон, хоксорӣ, ахлоқи наҷиб ва устувориаш дар кор ҳамеша намунаи ибрат барои насли ҷавон ва ҳамкасбон мебошад.
Имрӯз, ки мо бо ифтихор аз ин зани сарбаланд ёд мекунем, самимона изҳори сипос менамоем, ки бо вуҷуди солҳои тӯлонии кор то ҳол бо ҳамон нерӯ, ишқу ҳавас ва масъулияти ҳамешагӣ ба фаъолияти илмӣ ва таълимӣ машғул аст. Хизматҳои ӯ дар рушди илму маърифат ва тарбияи садҳо мутахассиси варзида ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.
Таманно мекунем, ки солҳои оянда низ устоди иззатманди мо сиҳату саломат бо нерӯи бардавом ва лаҳзаҳои хуши зиндагӣ бошанд. Савронбӣ Раҳимовна дар қалбҳои мо на танҳо чун устоди бузург, балки ҳамчун модари меҳрубон, роҳнамои хирадманд ва рамзи садоқат ба касби омӯзгорӣ маъво доранд.
Шарифзода Одинамо Пирназар- дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ