,
Сешанбе, 19-август
Аҳли омӯзгорон, толибилмон ва донишмандони соҳаи маорифи Тоҷикистон 4 сол пеш 80-солагии таваллуди Ҷумъа Шарифовро қайд намуданд. Ҷумъа Шарифов яке аз педагогҳои эътирофгашта, олими дурандеш, хушгуфтору хушрафтор ва нозуктабиат буд.
Соли 1958 шиносоии аввалини мо дар Донишкадаи давлатии Кӯлоб сурат гирифт. Аз он вақт солҳои зиёд сипарӣ шуд. Ҷумъа Шарифов дар курси дуюм таҳсил мекард. Ба ёд меорам, ки дар гурӯҳи онҳо чӣ қадар ҷавонони илмдӯсту қобилиятнок таҳсил мекарданд: Қурбонов Р. (аз н. Комсомолобод (Нурободи имрӯза)), Ҳазратқулов Н. ва Ҳошимов (аз н. Совет (ҳозира Темурмалик)), Акбаров Р. (аз н. Муминобод) ва дигарон.
Байни донишҷӯён ҳарзамон мусобиқаи масъалаҳалкунӣ (ба вижа аз таҳлили математикӣ) барпо мешуд. Аудиторияҳо ҳамеша пур аз донишҷӯён буд. Ҳар кадом: Акбарову Қурбонов, Ҳошимову Шарифов ва дигарон дар ҳалли масъалаҳо оқил будани хешро нишон медоданд. Амали онҳо барои донишҷӯёни курси якум намуна буд.
Ба донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм ҳамон як ҳайати омӯзгорон: Қодиров Х. ва Азизов С.А. (аз таҳлили математика), Раҳмонов Ш., Исломов М. ва Чиликина Г. (аз геометрия), Умаров Ш. ва Токарева (аз алгебраи олӣ), Конкова И.П. (аз забони англисӣ), Султонов М. (аз физика) ва ғайраҳо дарс мегуфтанд. Аз ин рӯ, онҳо дар муқоиса ҳамаи шогирдонашонро хуб медонистанд.
Устодони мо унвони илмӣ надоштанд, аммо бо гузашти солҳо, аз диди ирфонӣ, аз рӯи маҳорат, истеъдоди педагогӣ, серталабӣ ва эътиқоду бовариашон ба донишҷӯён - муаллимони оянда месозад, ки онҳоро - воқифони асрори математикаро олимони комили касби худ номид. Охир, аз мактаби таълимдодаашон, шогирдони ҳамонвақта Акбаров Раҳмат (д.и.п., профессор), Ислом Ғуломов (д.и.п., профессор - муаллифи ин сатрҳо), Ҷумъа Шарифов (д.и.п., профессор) ва дигарон донишмандони намоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишварамон гардидаанд. Ин ҳолати ғайричашмдоштро чӣ тавр маънидод бояд кард?
Қабл аз ҳама, талаботи аҳолӣ ба маълумоти олӣ хеле баланд буд. Маълумоти олӣ қадр карда мешуд, арзиши бебаҳо дошт. Ба ёд меорем конкурсҳое, ки мактабҳои олӣ ба мақсади интихоб карда гирифтани довталабон мегузарониданд. Ба беҳтаринҳо унвони донишҷӯ насиб мегардид.
Ана, дар ҳамин шароит, дар вазъияте ки бо қобилияти миёна сазовори донишҷӯи мактаби олӣ шудан басо душвор буд, Ҷумъа Шарифов сарбаландона донишомӯз шуд.
Ӯ соли 1962 донишкадаро хатм кард. Фаъолияти омӯзгориашро дар ноҳияи Комсомолобод оғоз намуд.
Барҳам додани Донишкадаи Кӯлоб ва идомаи минбаъдаи корӣ моро ба муддати шаш сол аз ҳам дур кард. Баъди ду соли ҳамкорӣ дар кафедраи математика ва баргаштани камина аз хатми аспирантураи ДДОТ ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло С.Айнӣ) соли 1971 ҳарду ғофил аз сарнавишт дар факултаи физикаю математика фаъолияти омӯзгориамон идома ёфт. Ҷумъа Шарифов он вақт вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими математикаро иҷро мекард. Маълумам гашт, ки ӯ устуворона майлу рағбати пажӯҳиш дорад, мехоҳад дар соҳаи педагогика ва методикаи таълими математика таҳқиқот барад; адабиёти зиёд ҷамъ овард, реферат навишт ва ба кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи Т.Г. Шевченко пешниҳод намуд.
Ҳамон солҳо (ба вижа соли 1972) дар системаи маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳизби коммунист носозгориҳои зиёдро ошкор намуда буд. Барои Ҷумъа Шарифов ҳеҷ душворӣ (нарасидани маблағ барои идомаи таҳсил, таъмини фарзандони хона ва ғайра) барои ба мақсад расидан садди роҳ шуда натавонист. Ӯ дар ҳамин давраи мушкил (соли 1973) аспиранти донишкадаи номбурда шуд.
Устуворӣ, мардонагӣ, қавииродагӣ, истодагарӣ дар назди душвориҳо ва дигар хислатҳои ранҷбарӣ дар меҳнати илмӣ ба ӯ имконият дод, ки соли 1980 соҳиби унвони номзади илмҳои педагогӣ гардид.
Фаъолияти меҳнатӣ ва илмии Ҷумъа Шарифов намунаи беҳтарине барои пажӯҳишгарон маҳсуб меёбад, зеро он шаҳодат медиҳад, ки ӯ фидоии роҳи илм буд.
Ҷумъа Шарифов шахси боэҳсон, дилҷӯй, дилёбу дилписанд буд. Ҳоло дар бойгониам чанде аз номаҳои кӯтоҳи устодам Қосим Осимиро нигоҳ дошта истодаам. Бесабаб нест, ки дар ин номаҳо (онҳо ба солҳои 1999 рост меоянд) устод ӯро Ҷумъабой Шариф ном бурдааст. Мазмуни ин мактубҳо гарчанде кӯтоҳ бошанд ҳам, вале дар онҳо нишонаи ҳурмату эҳтироми устод нисбат ба Ҷумъа Шарифов ифода ёфтаанд.
Дар китоби ҳамкори даври аспирантиам (солҳои 1968-1971), номзади илмҳои педагогӣ Бароҳат Юнусова (Саҳифаҳои рӯзгор. Хуҷанд - 2010) Ҷумъа Шарифов ҳамчун шахси дастгиру дилсӯз ба қалам дода шудааст. Дар воқеъ ӯ ба ин арзанда буд.
Ҷумъа Шарифов олиме буд, ки зарурияти проблемаи тадқиқоти соҳаро пешакӣ дарк карда метавонист. Лаҳзаеро аз фаъолияти кории солҳои гузашта дар кафедраи методикаи таълими математика ба ёд меорам…
Соли 1993 буд. Ҳамон вақтҳо ӯ оид ба ташкил ва гузаронидани кори мустақилонаи донишҷӯён тадқиқот мебурд. Дастнависеро оварда хоҳиш намуд, ки онро дида бароям. Олиҷаноб навишта шуда буд! Ба он: Донишҷӯ: кори мустақилонаро чӣ тавр ташкил бояд кард?» ном гузоштам. Маъқулаш шуд ва бо ҳамин унвон зери муҳарририи банда рӯи чоп омад.
Натиҷаи интишори ин асар ва таълифотҳои зиёди ба кори мустақилонаи донишҷӯён бахшидааш боиси ҳимояи рисолаи докториаш - «Асосҳои дидактикии ташаккули малакаҳои кори мустақилонаи донишҷӯён дар ҷараёни таълим» (ДДОТ ба номи С.Айнӣ, с.1997) гардид.
Фаъолияти илмӣ-методии Ҷумъа Шарифов барои аҳли омӯзгорон, донишҷӯён ва муаллимон боиси ситоиш ва ифтихор аст, зеро ӯ бо математик - методисти бомаҳорат Усто Бурҳонов муаллифони аввалини китоби дарсии ватанӣ доир ба «Геометрия. 7-9» (Душанбе: Матбуот, 2000) мебошанд. Ин асар солҳои минбаъда барои синфҳои 7, 8 ва 9 алоҳидагӣ интишор ёфт.
Имрӯз педагог ва донишманди тавоно Ҷумъа Шарифовро ба ёд оварда, дар ҳар бобат (инсони комил, донишманди намоён, падари ғамхор ва ғайра) сазовор ва намунаи ибрат будани ӯро донишҷӯёну омӯзгорон, дӯстону ҳамкорон ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Ёдашон бо хайр ва руҳашон шод бод.
Ислом Ғуломов – д.и.п., профессор, Ходими шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи нишони нахустини «Профессори ифтихори»-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Рӯзномаи “Анвори дониш” №5 (359), аз 29.05.2025